Деворнигораи Сарвиноз Ҳоҷиева аз Душанбеи кӯҳна. ВИДЕО

Сарвиноз Ҳоҷиева, рассоми тоҷик ду соли пеш аз маҳаллаи Сари Осиёи пойтахт ба хиёбони Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳр, кӯч баст. Мегӯяд, иваз кардани ҷойи зист барояш осон набуд ва ба хулосае омад, ки макони зисти қаблиашро дар бинои трансформатор наққошӣ кунад, то худро дар маҳалли бегона эҳсос накунад.

Моҳи декабри 2017 наздики 50 хонаводаро аз маҳаллаи Сари Осиё ба ин ҷо кӯчонданд. Тарки хонаву маҳаллае, ки тамоми умр онҷо сипарӣ гашта буд, барои бархеҳо осон набуд.

Ин рассоми тоҷик мегӯяд, ки дар оғоз хостанд, корвонеро тасвир кунанд, ки аз маҳаллаи Сари Осиё хеста, ба ҷойи нави зиндагии худ омаданд. "Суратҳоро мекашидем ва ҳамсояҳо мегуфтанд, ки як қисматаш монандтар шавад. Медонед, ҳатто мошин ташкил карданд, ки дар он савор шуда, ба масҷиди Сари Осиё равам ва сурат гирам, ки бояд гумбазаш монанд шавад. Гӯё, мардум мехост боз ҳамон ҷойи қаблии зисташро бинад ва эҳсос кунад".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар девори нав нақши Душанбеи кӯҳна

Ин тасвир дигар истиқоматкунандагонро ҳам ҳавасманд кардааст, то қисмҳои дигари биноашонро оро бидиҳанд. Қосим Қодиров, як сокини пойтахт мегӯяд, ки чун диданд вай (Сарвиноз Ҳоҷиева) даромадгоҳи биноро обод кард, бо пайравӣ аз ӯ онҳо низ тасмим гирифтанд, ки маҳаллашоро обод кунанд ва ҳоло аз кӯҳҳои Варзоб санг оварда, даст ба кор шудаанд.

Тасовири фалсафии Сарвиноз дар ин бино диққати ҳар бинандаро ҷалб мекунад. Сокинон мегӯянд, қаблан дар ҷои расм навиштаҷоти ноҷо ва ё бинои бенуре дида мешуд, ки сокинонро нороҳат мекард.

Аммо дар баробари зебоӣ, бархеҳо ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, ҷои барқ бояд намоён бошад. Мавҷуда Салимова, як сокини пойтахт мегӯяд, "маълум нест, ки трасформатор бошад ё чизи дигар. Ман нафаҳмидам барои чӣ ин корро карданд. Ба фикрам, бояд тасвирҳоро аз болои ин трасформатор бардоранд".

Аммо Сарвиноз мегӯяд, ки агар аз як сӯ ин кор барои ободонии шаҳр бошад, аз сӯи дигар хотироте аз Душанбе хоҳад буд. Ҳоло ҳама нав мешавад ва наслҳои баъдӣ "Душанбеи кӯҳнаро" дар ин деворнигораҳо хоҳад дид.