Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ба пуштибонӣ аз як фаъоли ҷамъиятӣ садо баланд кард, ки моҳи сентябри имсол навори робитаи маҳрамонааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳадаф зарба задан ба обрӯи ин зан ва ҳушдор додан ба фаъолони дигар аст. Вале мақомот қазияро таҳқиқ накардаанд.
Ин зан, ки бо далелҳои ахлоқӣ аз ӯ М. Д. ном бурда мешавад, мегӯяд, қаблан ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ариза навишта буд, ки паҳнкунандагони наворро пайдо кунанд ва ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар Вазорати корҳои дохилӣ моҳе пеш гуфтанд, аризаро таҳқиқ мекунанд, вале ҳоло аз шарҳи расмии он худдорӣ меварзанд.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз корбарон ба ҷавобгарӣ кашонда шудани блогерҳои гуруҳи "Авлод"-ро барои гирдоварӣ ва нашри беиҷозаи маълумоти хусусӣ дар бораи танфурушон мисол меоранд ва мегӯянд, ҳомиёни қонун дар қазияи М.Д. бархӯрди дугуна доштаанд. Онҳо суол мегузоранд, ки чаро ҳарими хусусии танфурӯшон барои мақомоти умури дохилӣ ва додситонӣ мавриди эҳтиром ва ҳимоят қарор гирифта, нисбати ҳарими хусусии як фаъоли ҷомеа беэътиноӣ сурат гирифтааст.
Дилрабо Самадова, раиси созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" рӯзи 23-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аризаи М.Д-ро Вазорати корҳои дохилӣ бе ягон шарҳи ҳуқуқӣ баррасӣ накардааст. Ҳоло онҳо ба Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилӣ нома фиристодаанд, ки шарҳ диҳанд, чаро бо гузашти тақрибан ду моҳ аризаи ӯ баррасӣ нашудааст?
Самадова мегӯяд, пас аз дастрас шудани ҷавоби додситонӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ адвокати онҳо қадами дигарро барои ҳимоят аз ҳуқуқи ин зан хоҳад гузошт. Ба гуфтаи ӯ, видео ҳадафмандона барои паст задани шаъну шарафи ин фаъоли ҷомеа аз ҷониби афроди ношинос сабту нашр шудааст.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Самадова, «ин зарба на танҳо ба фаъолони ҷомеа, балки ба тамоми занони тоҷик аст».
"Баррасӣ нашудани аризаи ӯ нигаронкунанда аст. Вай ҷасорат нишон дод, хомӯш наистод ва ба мақомот ариза навишт, вале баррасӣ нашудани аризааш суолбарангез аст. Дар шикоят ба Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон талаб карда шудааст, ба беамалии кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ин ариза баҳои ҳуқуқӣ дода шавад ва нафароне, ки хунукназарӣ кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Мо интизори ҷавоби расмӣ ҳастем, ки бар асоси қонун давоми 15 рӯз бояд дастрас шавад", --гуфт ӯ.
Навори маҳрамонаи М.Д. рӯзи 5-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Навор дар ҳудуди ҷамоати Ромити ноҳияи Ваҳдат сабт шудааст. Дар ШВКД-и шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки ариза ба маъмури милисаи вобаста ба ин ҷамоат супурда шудааст.
Фаррух Сайфуллозода, нозири милиса дар ШВКД-и Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳодиса хабар дорад, вале ҳеҷ кас аз ӯ таҳқиқи онро талаб накардааст. Дар Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ шарҳ надоданд, ки аризаи М.Д. дар кадом сатҳ баррасӣ мешавад ва чаро то ҳол парванда боз нашудааст?
Худи М.Д мегӯяд, навори маҳрамонаи ӯ пас аз нашри мақола дар Радиои Озодӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ гум шуд, вале он боиси рехтани обрӯ ва зарбаи равонӣ шуд.
«Ман дубора ба кормандони ВКД, ҷойи сабти наворро нишон додам. Соҳиби манзиле, ки навор сабт шуда буд, ба сӯҳбат даъват карданд. Марде, ки худро ошиқи ман медонист ва дар навор рӯяш пӯшонида шудааст, мақомот медонанд. Ҳама чиз маълум аст, вале амал накардани онҳо маро якбора дар тарс нигаҳ медорад»,--гуфт ӯ.
Қаблан, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик низ ба ҳимоя аз ҳуқуқи М.Д бархоста буд. Ӯ мегӯяд, дар сурати ошкор нашудани ҷиноят, гумонҳое, ки ин кори дасти худи мақомот аст, аз гумон ба ҳақиқат табдил меёбанд.
Ин зан мегӯяд, ҳанӯз намедонад, ки чаро ва бо кадом ҳадаф навори маҳрамонаи ӯро дар интернет нашр карданд. Ҳуқуқдонҳо бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин зан дар моҳи апрели имсол яке аз мухолифони боло бурдани нархи интернет дар Тоҷикистон буд ва дар маъракаи ҷамъоварии имзо зидди ин тасмим иштирок кардааст, ӯро "қурбонӣ" ва нашри наворро "барқасдона" медонанд.
М.Д мегӯяд, ин мард ҳам талоши шинос шудан бо ӯро пас аз як моҳи он маърака кард. Ба ӯ гуфтааст, тоҷир аст, зан надорад ва мехоҳад бо ӯ издивоҷ кунад. Пас аз нашри навор ин мард "дастнорас" шуд, вале ба М.Д. маълум шуд, ки ӯ ҳамсар дорад.