Даъвати Чин аз Толибон ва ҳукумати Афғонистон барои ширкат дар нишасти сулҳ

Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, ки Чин аз онҳо даъват кардааст, то дар гуфтугӯи миёни афғонҳо, иштирок кунад. Толибон низ гуфтаанд, ки чунин дархостеро аз Пекин дарёфт кардаанд.

Ҳарчанд ҳукумати Афғонистон дар мавриди иштироки худ дар ин гуфтугӯ тасмим нагирифтааст, аммо сухангӯи Шӯрои амниятии миллии ин кишвар шаби гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин рӯзҳо мақомҳои Чин бо мо тамос гирифтанд ва гуфтанд, ки қарор аст онҳо як нишасти байни афғониро ба ҳадафи дубора оғоз кардани музокирот на, балки ба ҳадафи гуфтугӯҳои сулҳ, мизбонӣ кунанд".

Ҳамзамон хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" ба нақл аз Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Давҳа хабар додааст, ки ин нишаст рӯзҳои душанбе ва сешанбеи оянда баргузор мешавад. Сухангӯи Толибон гуфт, ки онҳо дар ин гуфтугӯҳо ширкат мекунанд.

Дар ин миён, вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи душанбеи 21-уми октябр гуфт, Залмай Халилзод, намояндаи вижаи ин кишвар барои Афғонистон ба ҳадафи гуфтугӯ дар бораи сулҳи Афғонистон, бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва СММ дар Брюссел гуфтугӯ кардааст.

Созмони Миллали Муттаҳид, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва чанде дигар аз кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ба аҳдашон барои расиданд ба "созиши сулҳи пойдор" ва хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон содиқанд.

Баёнияе бо чунин мазмун баъди мулоқоти Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон рӯзи 22-уми октябр ва баъди мулоқоти ӯ бо дипломатҳои Бритониё, Фаронса, Олмон, Итолиё, Норвегия, Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Милал дар шаҳри Брюссел нашр шуд. Дар баёния омадааст, ки тарафҳои мазкур моил ба кор бо ҳукумати Афғонистон, Толибон, раҳбарони сиёсӣ дар ин кишвар ҳастанд, то "созиши фарогир ва пойдори сулҳ” ҳосил шавад.

Муаллифони баёния раъйдиҳандагони афғонро ситоиш кардаанд, ки бо вуҷуди "мушкилоти фаннӣ ва таҳдидҳои амниятӣ" дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 28-уми сентябр ширкат варзиданд. Дар баёния аз тамоми тарафҳои муноқиша дар Афғонистон хоста шудааст, ки то замони музокироти қарибулвуқуи байнулафғонӣ аз ҷангу хунрезӣ даст бикашанд, то "нақшаи сиёсии роҳи Афғонистон барои оянда" ба даст биёяд.

Ҳамчунин аз Толибон ва дигар гурӯҳҳои Афғонистон талаб кардаанд, ки иҷоза надиҳанд, то кишвар ба "паноҳгоҳи Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ табдил ёбад" ва Толибон ҳам бояд чунин гурӯҳҳоро дастгирӣ накунанд ва иртибот бо онҳоро қатъ намоянд.

Залмай Халилзод пас аз дидор аз Белгия ва Фаронса, қарор аст роҳии Русия шавад. Хабаргузории "Асссошиэйтед пресс" хабар додааст, ки оқои Халилзод ба Чин низ сафар мекунад. Аммо то ба ҳол маълум нест, ки оқои Халилзод дар нишасти миёни афғонҳо дар ҳафтаи оянда дар Чин иштирок мекунад ё на.

Кабир Ҳақмал, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, тақозои Кобул аз ҳама кишварҳое, ки дар раванди сулҳи Афғонистон кӯмак мекунанд, ин аст, ки дар ҷараёни пешбурди ҳама гуна музокирот ба моликият ва раҳбарии афғонҳо, арҷ бигузоранд.

Ӯ афзуд, ки "ҳукумати Афғонистон ба таври ҷидӣ хоҳони ин аст, ки миёни афғонҳо созиш сурат бигирад. Созишҳо дар бораи сулҳ бояд фарогир, зери раҳбарии низоми ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистон бошад".

Музокироти сулҳ миёни намояндагони Амрико ва Толибон баъд аз 9 давр давоми 10 моҳ, дар моҳи сентябр қатъ шуд. Ин музокирот пас аз таркиши як мошини бамбгузоришуда аз сӯи Толибон дар шаҳри Кобул, ки боиси қатли 12 нафар, аз як амрикоӣ шуд, қатъ гашт. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико пас аз ин ҳодиса дар "Твиттер" аз қатъи гуфтугӯ бо намояндагони Толибон хабар дод.