Сомон Маҳмадбеков - қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон

Сомон Маҳмадбеков

Сомон Маҳмадбеков, гуштигири шинохтаи тоҷик, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола дар Марокаш дар вазни то 73 кило ғолиб шуд, бо медали тило ва 2500 доллар сарфароз гашт. Ин нахустин медали тиллои варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад.

Сомон Маҳмадбеков рӯзи 17-уми октябр баъд аз шикаст додани чаҳор рақибаш аз Кабо-Вердеи қораи Африқо, Қирғизистон, Белгия ва Италия ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар нимфинал ба Самуэл Гасснер аз Австрия ғолиб омад ва ба финал баромад.

Гуштигири тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ Георгий Елбакиевро аз Русия дар муддати 3 дақиқаю 42 сония шикаст дод ва ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Зимнан, Сомон Маҳмадбеков бар ҳамаи рақибонаш бо баҳогузории “иппон” пеш аз муҳлат дастболо шуд.

Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни бузургсолон, ки аз 25-уми август то 1-уми сентябри имсол дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – доир гардид, дар вазни то 73 кило аз ҳафт қувваозмоӣ дар панҷтоаш ғолиб омада, дар ду рақобат мағлуб шуд ва дар натиҷа ҷойи панҷумро касб намуд.

Ӯ соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола, ки дар шаҳри Загреби Хорватия доир гардид, дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Сомон Маҳмадбеков феълан дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 1844 имтиёз дар ҷойи 31-ум қарор дорад. Вай мавқеашро дар раддабандии олимпӣ низ хеле беҳтар кард ва бо 1366 имтиёз дар ҷойи 22-юм мебошад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола дар Марокаш дар вазни то 73 кило рӯзи панҷшанбе боз як гуштигири тоҷик – Қоим Шукронов – ширкат дошт. Вале ӯ дар даври аввал аз Сандро Чаладзе аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шикаст хӯрд.

Ду варзишгари тоҷик - Ҷамолиддин Абдуллоев ва Идибек Сафаров - дар рӯзи аввали мусобиқот - 16-уми октябр - дар вазни то 66 кило вориди рақобатҳо шуданд. Ҷамолиддин пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш Абдулалӣ Ҳакика (Марокаш) ва Артҷомс Галактионовс (Латвия), дар қувваозмоии севум аз Исмоил Мисиров (Русия) мағлуб гашт. Идибек бошад, дар даври аввал аз Иво Верҳорстерт (Нидерланд) ноком шуд.

Ба иттилои торнамои расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонони то 21-сола, ки дар Марокаш то 20-уми октябр идома меёбад, дар рақобатҳои инфиродӣ 517 варзишгар (294 мард ва 223 зан) аз 81 кишвар ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил аст. Боз ду нафари дигар - Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни то 90 кг) – 18-уми октябр ба рақобат мепардозанд.

Мусобиқот аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занонон) сурат гирифтааст, ҳамчунин қувваозмоии даставии омехта доир мегардад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот ба ҷуз аз медалу диплом бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд: ҷойи аввал - 2500 доллари ИМА, ҷойи дувум – 1500 доллар, ҷойҳои севум – 850-долларӣ.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони синашон то 21-сола

Писарон

Вазни то 60 кг - 1. СИМЕОНИДИС Константин (Русия) 2. ЮСУФОВ Аҳмад (Озарбойҷон) 3. СУЕМАТСУ Кен (Ҷопон) 3. ЮЛДУЗ Солеҳ (Туркия).

Вазни то 66 кг - 1. ЛИМА Виллиам (Бразилия) 2. ТАКЕОКА Такеши (Ҷопон) 3. АЛИЕВ Иброҳим (Озарбойҷон) 3. МАРЧЕЛИНО Михаэл (Бразилия).

Вазни то 73 кг - 1. МАҲМАДБЕКОВ Сомон (Тоҷикистон) 2. ЕЛБАКИЕВ Георгий (Русия) 3. МЕЛЛА Эдоардо (Италия) 3. СТЕРПУ Виктор (Молдова).

Духтарон

Вазни то 48 кг - 1. КОГА Вакана (Ҷопон) 2. БОУКЛИ Ширине (Фаронса) 3. ҶОН Су Сонг (Кореяи Шимолӣ) 3. СТОЯДИНОВ Андреа (Сербия).

Вазни то 52 кг - 1. ЛХАГВАСУРЕН Сосорбарам (Муғулистон) 2. ХСУ Лин Хсуан (Тайбейи Чин) 3. КАВАДА Аюми (Ҷопон) 3. ПИМЕНТА Ларисса (Бразилия).

Вазни то 57 кг - 1. ЛИПАРТАЛИАНИ Этери (Гурҷистон) 2. ҲАКАМАТА Канако (Ҷопон) 3. КОРНЕЛИСС Пиеуни (Нидерланд)
3. КИМ Ҷису (Кореяи Ҷанубӣ).

Баъди натиҷагирии ду рӯзи рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 6 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст.

Мунтахаби Русия бо касби 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Бразилия бо касби 3 медал (1 тилло ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи севум мебошанд.

Муғулистон бо 1 медали тилло ва як ҷойи ҳафтум дар ҷойи чаҳорум аст. Гурҷистон, Маҷористон ва Тоҷикистон, ки яктоӣ медали тилло гирифтаанд, дар ҷойгоҳи панҷум қарор доранд.