Додгоҳи Маскав Самариддин Раҷабовро аз зиндон раҳо накард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 16-уми октябр ҳукми то моҳи декабр дар ҳабс мондани Самариддин Раҷабов, зодаи Тоҷикистонро бетағйир гузошт. Ӯ дар ҷараёни эътирозҳои тобистони имсол дар пойтахти Русия дастгир шуд ва ба "таҳдиди истифода аз зӯр" муттаҳам аст. Вакилони мудофеъ Анри Сискаришвили ва Сергей Бадамшин талаб карданд, ки ҳукми Самариддин Раҷабов бозбинӣ ва сабук шавад.