90 сол пас аз таъсиси РСС Тоҷикистон. "Инқилоб" ба тоҷикон чӣ дод?

Гӯшае аз ҳамоиши бахшида ба 90-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон.15-уми октябри соли 2019. Душанбе.

Рӯзи 15-уми октябр аз таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, 90 сол сипарӣ шуд. Дар як ҳамоиши илмӣ таърихшиносон дар бораи бурду бохт аз чунин шакли давлатдорӣ изҳори назар карда, изҳор доштанд, ки маҳз ба ҷумҳурии ҷудогона аз Ҷумҳурии Узбекистон табдил шудани Тоҷикистон, заминаро барои касби истиқлол дар соли 1991 фароҳам кардааст.

15-уми октябри соли 1929 дар бинои "Хонаи деҳқон", ки сипас ба Театри русии ба номи Владимир Маяковский табдил дода шуд, ҳайати шӯроҳои Тоҷикистон эъломияи баромадан аз ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Узбекистон ва дохил шудани ба унвони ҷумҳурии 7-уми комилҳуқуқ ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравиро қабул карданд. Чанд сол қабл дар чаҳорчӯби "Генплан" ё бозсозии шаҳри Душанбе бинои ин театр тахриб шуда, ҳоло маҳалли он майсакорӣ шудааст.

Маросими таҷлил аз 90-мин солгарди таъсиси Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравиро гурӯҳе аз таърихшиносони кишвар дар бинои Маркази дастхатҳои нодири Академияи илмҳо баргузор карданд. Дар барномаи ин ҳамоиш ширкат ва суханронии Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо ва Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон эълон шуда буд. Аммо ин ду нафар дар ниҳоят ҳузур наёфтанд ва Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, ноиби президенти Академияи илмҳо, роҳбарии ин нишастро ба зимма гирифт.

Ноиби президенти Академияи илмҳо дар робита ба ин рӯйдод гуфт, "фикр мекунам ин ҷашн барои мардуми тоҷик хеле арзишманд аст. Дуруст аст, ки ҳоло дар робита ба фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ андешаҳо зиёд аст. Ҳамчунин, миёни таърихшиносони кишварҳои пасошӯравӣ дар бораи вуҷуди Иттиҳоди Шӯравӣ назарҳо мухталифанд. Бо вуҷуди ин, Инқилоби Октябр барои тоҷикон дастовардҳои зиёде овард. Муҳимтарин нукта ин аст, ки мо давлатдории ҳазорсолаамонро баргардонидем. Дуруст аст, ки тӯли асрҳои гузашта дар сари қудрат муғулҳову туркнажодон нишаста буданд, аммо давлат ва забони он тоҷикӣ боқӣ мемонд".

Дар ин ҳамоиш ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон дар пайи Инқилоби Октябр нахуст ба унвони ҷумҳурии худмухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон таъсис шуда буд. Аммо, дар пайи муроҷиатҳои пайдарпайи Шириншоҳ Шоҳтемур ба Иосиф Сталин, роҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ, роҳбарият дар бораи таъсиси ҷумҳурии мустақили шӯравии Тоҷикистон тасмим гирифтааст.

Убайдуллои Насрулло, мудири Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар ҳайати Узбекистон тоҷикон бо ноадолатиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ буданд. Ба ин далел, рӯшанфикрони он замон ба хулосае расиданд, ки таъсиси ҷумҳурии мустақил роҳи ҳалли ин мушкил аст.

Убайдуллои Насрулло афзуд, зимни таъсиси ҷумҳурии мустақил масоҳати Тоҷикистон ҳамагӣ 135,35 ҳазор километри мураббаъро ташкил медод. Аҳолии он 739 ҳазору 503 нафар буд. Танҳо як каме беш аз 65 дарсади аҳолӣ тоҷик буданд. Дар замоне, ки Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон қарор дошт, забони давлатии ин ҷумҳурӣ русӣ ва узбекӣ буданд.

Мӯминҷон Назаров, мудири Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳарчанд дар ду марҳилаи соҳибихтиёрӣ ба унвони вилояти мухтор ва сипас ҷумҳурии мухтор тоҷикон тавонистанд давлатдории миллии худро эҳё кунанд.

Вай гуфт, "то расидан ба истиқлоли комил Тоҷикистон аз марҳилаи тақсимоти миллӣ-ҳудудии соли 1924, таъсиси ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон ва сипас таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ гузашт. Сарфи назар аз ҳама нуқсу беадолатиҳои нисбати тоҷикон зоҳиршуда, ин падидаҳо аз эҳёи давлатдории тоҷикон дарак медоданд".

Дар идомаи ин ҳамоиш Виктор Дубовитский, таърихшиноси тоҷики рустабор аз нақши донишмандон ва пажӯҳишгарони рус дар рушди Тоҷикистон изҳори назар кард. Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, ноиби президенти Академияи илмҳо аз ӯ пурсид, ки чаро бештаре аз донишмандону пизишкони аз Русия ба Тоҷикистон омада, низомӣ буданд. Аммо, Виктор Дубовитский аз посух ба ин савол сарфи назар кард.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озоди Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз худ ба ин савол посух дод ва гуфт, ки "бештаре аз ин низомиён ё мухолифони сиёсӣ буданд, ки ба ҷойи бадарға ба Тоҷикистон фиристода мешуданд ё ҷосусони хадамоти махсус буданд, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар бораи бойигариҳои он иттилоъ ҷамъоварӣ мекарданд".

Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлоли худро ба даст овард. Вале ҳамагӣ дар чанд моҳи баъд аз эълони истиқлол, кишвар ба домани ҷанги дохилӣ афтод. Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав созишномаи истиқрори сулҳ имзо шуд ва ба ин даргирӣ хотима бахшид.