Додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Норакро бо гуноҳи, ба истилоҳ, рафтори шаҳвонӣ, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Вале наздикони ӯ мегӯянд, айбнома беасос аст ва омӯзгор барои табрик кардани толибаи худ барои ғалаба дар мусобиқаи шоҳмот гирифтори додгоҳ шуд.
Дар ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ёвон аз рӯзи 3-юми октябр гуфта шудааст, Мирзохон Алиев барои "ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" ба як хонандаи 12-солаи литсей 17,5 сол зиндонӣ шуд. Мактаб дар шаҳри Норак воқеъ аст, вале барои пешгирӣ аз оммавӣ шудани муҳокима, парвандаи онро дар Додгоҳи Ёвон баррасӣ намудаанд.
Ҷузъиёти парванда ошкор нашудааст. Масъулони додгоҳ рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба сабаби ноболиғ будани ҷабрдида наметавонанд, тафсилоти ҳодисаро дар ихтиёри матбуот гузоранд.
Фарзандони Мирзохон Алиев мегӯянд, ки ба падари онҳо "туҳмат шудааст" ва додгоҳ бояд ҳукмро бознигарӣ кунад. Онҳо мегӯянд, даъво пас аз он оғоз ёфт, ки Мирзохон Алиев дар моҳи апрели имсол баъд аз пирӯзии шогирдаш дар мусобиқаи шоҳмот дасти ӯро фишурда ва гӯиё ӯро бӯса кардааст.
Яке аз наздикони омӯзгор, рӯзи 14-уми октябр гуфт, "ҳар устод аз комёбии шогирдаш меболад, вале аз тарафи наздикони духтар туҳмат шудааст".
Мусобиқаи шоҳмот дар ин муассисаи таълимии шаҳри Норак моҳи апрел баргузор шудааст. Кӯшишҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо наздикони духтар натиҷа надод.
Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, танҳо даст фишурдан ва бӯсаи устод наметавонад, далели кофӣ барои ҷазои сахте ба омӯзгор шавад. Онҳо тахмин мезананд, шояд дар ин қазия масъалаи дигаре ҷой дорад, ки додгоҳ ба сабаби ноболиғии духтар онро ошкор намекунад.
Парвандаи Мирзохон Алиев бар асоси моддаи "ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ, бо истифодаи зӯроварӣ ё вазъи оҷизонаи ҷабрдида" (қисми чаҳори моддаи 139-и Кодекси ҷиноӣ) баррасӣ шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ аз 15 то 20 соли маҳрум сохтан аз озодиро дар назар дорад.
Яке аз фарзандони омӯзгор мегӯяд, ба хабаргирии падараш ба боздоштгоҳи муваққатӣ рафт ва ӯ гуфтааст, ки зери шиканҷа ба гуноҳ иқрор кардааст. Дар ҳоли ҳозир тасдиқи дурустӣ ё нодурустии ин иддао аз манобеи дигар номумкин аст.