Сафири Туркия дар Тоҷикистон мегӯяд, кишвараш дар ҷараёни амалиёти "Чашмаи сулҳ" дар шимоли Сурия зиндониёни "ДОИШ"-иро ба ватанашон истирдод хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Ғарб аз Туркия осеб надидани аҳолии осоиштаро дар ҷараёни амалиёт тақозо кардааст.
Амалиёти артиши Туркия зидди шибҳинизомиёни курд нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳониро ба миён овардааст. Дар ҳоле, ки Анқара ҳадафи ҳамла ба курдҳоро ташкили "минтақаи амн" барои гурезагони суриягӣ арзёбӣ кардааст, коршиносон дар Душанбе мегӯянд, мақсади асосии Туркия коҳиш додани нуфузи курдҳо дар минтақа мебошад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳоле ки бархе аз нозирони вазъ мегӯянд, Туркия мехоҳад, минтақаҳои курднишини шимоли Сурияро таҳти назорати худ дарорад,Алӣ Рифат Кёксал, сафири Туркия дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр ба хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ҳадафи ҳамла ба Сурия на "ишғол, балки дур кардани террористон аст".
Ҷаноби Кёксал дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки тақдири садҳо нафаре, ки бо ҷурми ҷангидан дар сафҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва занони бевамондаву кудакони онҳо дар маҳбасҳои зери назорати курдҳо чӣ мешавад, гуфт, "Анқара ҳама кори зарурро дар ин бора анҷом медиҳад. Онҳое, ки дар маҳбасҳо ҳастанд, ба адои ҷазои худ идома хоҳанд дод. Кишварҳое, ки омодаанд ин гурӯҳи шаҳрвандони худро қабул кунанд, мо онҳоро ба ватанашон истирдод мекунем. Он кишварҳое, ки то ҳол мавқеи худро муайян накардаанд, бояд масъулиятро ба дӯши худ бигиранд", -- Алӣ Рифат Кёксал.
Амалиёти низомии артиши Туркия ба минтақаҳои курднишин рӯзи чаҳоршанбеи 9-уми октябр шуруъ шуд. Чандин кишвар аз ин амали Анқараро интиқод карда, бархе ҳамлаи артиши Туркияро "ишғолгарӣ" арзёбӣ намуданд.
Аммо Сафири Туркия дар Душанбе мегӯяд, кишвараш иҷоза намедиҳад, ки дар марзҳояш "як давлати террористӣ ташкил шавад". Алӣ Рифат Кёксал дар нишасти хабарӣ Ҳизби коргарони Курдистон ва шохаи он дар Сурияро батакрор гуруҳи террористӣ ном бурда, онро дар қатори гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" қарор дод.
Сафири Туркия ҳамчунин гуфт, амалиёти низомии артиши кишвараш "то замони боқӣ мондани унсурҳои террористӣ дар минтақа" ва таъмини пурраи амният дар марзи ин кишвар идома хоҳад кард.
Амалиёти низомии артиши Туркия ба минтақаҳои курднишин дар шимоли Сурия чанд рӯз пас аз эълони хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ин минтақа бо дастури президенти ИМА Доналд Трамп оғоз шуд. Худи Трамп ба хотири тасмимаш дар берун кардани низомиҳои амрикоӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Сафири Туркия дар Душанбе гуфт, "Амрико ва Туркия ду кишвари бузург мебошанд ва миёни худ ҳамеша забон меёбанд".
Дар Тоҷикистон таҳлилгарони ба иқдоми ахири Туркия назари гуногун доранд. Коршиносони тоҷик мегӯянд, ташкили минтақаи амн ва бозгардонии гурезаҳои Сурия ба ватан, барои Туркия танҳо баҳона ҳастанд ва дар асл ин кишвар ба дунболи ҳадафҳои бузургтар аст.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, неруҳои курди Сурия пас аз ғалаба болои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" соҳиби қудрате шуданд, ки метавонистанд онро барои соҳиб шудан ба давлати соҳибихтиёр равона кунанд. Талоше, ки ба гуфтаи ин таҳлилгар, боиси нигаронии ҷиддии Туркия шуд ва ин кишварро водор кард, ки даст ба амал занад.
"Ҳукуматҳои Сурия ва Ироқ ҳоло ба кашмакашҳои худашон машғуланд ва курдҳо имконияти пайдо карданд, ки як озодии бештар дошта бошанд ва метавонистанд давлати худашонро созанд. Мақсади дарозмуддати Туркия ин имкон надодан ба курдҳо барои сохтани давлати мустақил аст",- таъкид кард Қодиров.
Ин таҳлилгари тоҷик ҳамчунин гуфт, дар воқеъ амали ҳукумати Доналд Трамп дар ин замина хилофи курдҳо буд, чун дар гузашта ИМА ба неруи онҳо такия мекард. Ба гуфтаи Абдумалик Қодиров, барои Амрико аз курдҳо дида, Туркия муҳимтар аст.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари дигар дар Душанбе мегӯяд, амали Туркия боиси афзоиши нуфузи Русия ва Димишқ дар шимоли Сурия хоҳад шуд.
"Амрикоиҳо худро канор гирифтанд. Курдҳои Сурия дар танҳоӣ ҳастанд ва ҳатто курдҳои Ироқ ба онҳо кӯмак намерасонанд. Мавқеи Русия ва Эрон маълум нагардид. Аз як тараф Димишқу Маскав аз вазъият истифода карда метавонанд. Чун агар курдҳо шикаст хуранд, боз ба Димишқ муроҷиат хоҳанд кард ва ин боиси нуфузи ҳукумати Башор Асад дар минтақа хоҳад шуд",- гуфт таҳлилгари тоҷик.
Ин сеюмин амалиёти низомии туркҳо дар хоки Сурия баъди соли 2016 мебошад.
Ин амалиёт ба нерӯҳои таҳти раҳбарии курдҳо, ки дар ҷанги зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" саҳм гузоштаанд, зарбаи шадиде мезанад ва ҳам домани қаламравҳои зери назари Туркияро фарохтар мекунад. Курдҳо охирин нерӯи зидди ҳукумати Димишқ мебошанд. Туркия ҳадаф дорад, ки ин нерӯҳоро боздорад.
Шимолу шарқи Сурия, ки ҳоло ҳадафи низомиёни Туркия шудааст, макони муборизаҳои чандинсолаи шӯришиёни курд буд. Қаламрави мазкур бо дарозои 480 км дар соҳилҳои ғарбии руди Фурот ва сарҳадҳои шарқии Ироқ ҷойгир аст. Вале сокинони қадимӣ ё суннатии ин маҳал арабҳо буда, солиёни пеш туркҳо бо раҳбарони ин гурӯҳҳо равобити хуб доштаанд.