"90 дарсади Саразми бостонӣ ҳанӯз зери хок аст"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Моҳи сентябри соли оянда дар Панҷакент 5500-солагии шаҳри қадимии Саразм таҷлил мешавад. Аммо донишмандон мегӯянд, ки то кунун танҳо дар бахши хурде ин шаҳри қадимии тоҷикон умури ҳафриётӣ анҷом ёфта, беш аз 90 дарсади Саразми бостонӣ ҳамчунон зери хок маҳфуз аст. Шаҳраки қадимии Саразм дар 250-километрии шимолу ғарби Душанбе ва дар наздикии марз бо вилояти Самарқанди Узбекистон воқеъ аст.