Тоҷике дар Гугл: "Ба либос не, балки дониш таваҷҷӯҳ кунанд"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як барномасози ҷавони тоҷик бо гузаштани шаш давраи санҷиш расман ба кор дар ширкати Google – бузургтарин торнамои ҷустуҷӯии Интернет – қабул шудааст. Меҳрубон Тӯраеви 22-сола хатмкардаи гимназияи «Ҳотам ПВ» ва Донишгоҳи фанновариҳои иттилоотии Санкт-Петербург аст ва моҳи ноябри имсол бояд ба Лондон равад.