Назари мардум ба ороиши занони тоҷик: Бошад, кам бошад ё набошад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ороишгарон мегӯянд, занони тоҷик ҳоло бештар дар бораи зоҳири худ меандешанд ва дар миёни онҳо пӯшидани либосҳои рангин ва ороиши рӯйу мӯй маъмултар мешавад. Аммо мардон бештар тарафдори ороиши маъмулӣ будаанд ва баъзе мегӯянд, "он ҳам набошад, беҳтар аст". Мавлуда Ҳамроева, тарроҳи шинохтаи тоҷик гуфт, сабаби ороиши зиёд дар байни духтарони тоҷик Интернет аст. "Дувум ин ки занони мо табиатан, сиёҳчашму сиёҳабрӯ ҳастанд, кофист онҳоро андаке ранг бахшем ва онҳо ба қадри кофӣ зебову хушранг мешаванд", -- гуфт ӯ. Видеоро дар ин ҷо бинед ва назаратонро ба мо фиристед.