Театри опера ва балети Тоҷикистон барои бори нахуст дар чиҳил соли ахир бо сафари ҳунарӣ озими Самарқанд мешавад. Масъулони ин театр тасмим гирифтаанд, ки дар тӯли панҷ рӯзи сафари ҳунарӣ барои бузургсолон ду ва барои наврасон як намоишнома нишон дода, ҳамчунин дар ин шаҳр "Шоми дӯсти"-и ҳунармандони ду кишварро баргузор кунанд.
Гурӯҳи ҳунармандони ҳудуди 40-нафарии театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ нахустин намоишномаи худро 14-уми октябр дар толори театри вилоятии мусиқиву драмавии ба номи Ҳомид Олимҷон баргузор мекунанд. Содиқ Нуруллоев, яке аз масъулон ва ҳунарманди театри опера ба балети ба номи Садриддин Айнӣ 8-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин сафари ҳунарӣ бори нахуст дар 40 соли ахир ба Самарқанд сурат мегирад.
Вай афзуд, "ҳатто дар солҳои 2000-ум театри мо ба Тошканд сафари ҳунарӣ карда буд, аммо ба Самарқанд мо бори охир соли 1979 сафари ҳунарӣ анҷом дода будем. Ин сафари ҳунарӣ дар пайи талошҳои раисони ҷумҳури ду кишвар ва вазирони фарҳанги Тоҷикистону Узбекистон имконпазир шуд. Нахуст барои сокинони хурдсоли Самарқанд мо операи "Бузаки ҷингилапо" (муаллифон Наримон Бақозода ва Фаттоҳ Одина) ва сипас барои калонсолон мазҳакаи "Найрангҳои Майсара" аз рӯйи асари осори шоири узбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзиро намоиш медиҳем".
Содиқ Нуруллоев афзуд, ки дар чаҳорчӯби ин сафар баргузории “Шоми дӯстӣ” бо ширкати ҳунармандони тоҷику узбек дар Самарқанд низ пешбинӣ шудааст. Ҷаноби Нуруллоев мегӯяд, ки шаҳрдорӣ ва ҳунармандон дар шаҳри Самарқанд машғули омодагӣ ба сафари онҳо ҳастанд ва аллакай дар хиёбонҳои ин шаҳр овезаҳо бо хабари сафари ҳунарии театри опера ва балети тоҷик насб шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳамин ҳол аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки сафари ҷавобии ҳунармандон аз театри мусиқӣ ва драмаи шаҳри Самарқанд ба Душанбе дар моҳи апрели соли оянда пешбинӣ шудааст.
Ортиқи Қодир, ровӣ ва ҳунарманди театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, аз хабари сафари ҳунармандони театри опера ва балети тоҷик ба шаҳри Самарқанд истиқбол кард.
"Ин масъулияти хеле бузургеро талаб мекунад. Сокинони Самарқанд пазмони ҳунармандони тоҷик шудаанд ва мехоҳанд аз саҳнаи шеваи суханрониву ҳунармандии ҳунармандони тоҷикро бубинанд. Дуруст аст, ки дар тӯли 40 сол ҳунармандони театри опера ва балети тоҷик ба Узбекистон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст, аммо ҳамзабонони мо дар Самарқанд тӯли ин солҳои бо ҳунари театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ошноӣ надоштанд".
Ин дар ҳолест, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ва беҳбуди робитаҳо миёни Душанбе ва Тошканд равобити фарҳангии ду кишвар низ тавсеа меёбанд. Ду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар рӯзҳои фарҳангиву синамои худро баргузор карданд.
Гузашта аз ин, овозхонҳои маъруфи тоҷику узбек пайваста дар шаҳрҳои ҳамдигар барномаҳои ҳунарӣ иҷро мекунанд. Ахиран Юлдуз Усмонова дар Хуҷанд ва Мардон Мавлонов дар Душанбе ҳунарнамоӣ карданд ва аз иҷрои барномаҳои ҳунарии Ҷӯрабек Муродов ва Афзалшоҳи Шодӣ дар Самарқанд гузоришҳо расиданд.