Шаш медали варзишгарони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва навҷавонон, ки рӯзҳои 3-6-уми октябр дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор шуд, шаш медал ба даст оварданд.

Чунонки сомонаи Sport АКИpress хабар додааст, дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва навҷавонон дар Чолпон-Ота беш аз 250 варзишгар аз ҳашт кишвар - Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Русия, Тоҷикистон, Туркия ва Узбекистон - ширкат карданд. Онҳо барои 32 маҷмуи медалҳо миёни наврасону навҷавонон мубориза бурданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 нафар (10 писар, 1 духтар) дохил буд. Варзишгарони тоҷик дар сабқати навҷавонон 2 медали тилло, як медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гирифтанд.

Меҳрзод Сӯфиев дар вазни зери 60 кило миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни зери 63 кило миёни духтарон бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Меҳрзод дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Абдулло Саъдуллоев аз Узбекистон ғолиб омад. Шоҳида бошад, дар даври ниҳоӣ бар Фарангиз Ҳоҷиева аз Узбекистон дастболо шуд.

Як медали нуқра ба Раҷабалӣ Муҳаммадиев марбут аст. Ӯ дар вазни зери 90 кило ба финал баромад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Анорбек Ишонбоеви қирғиз мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми дувумро касб намуд.

Се варзишгари дигари тоҷик - Сулаймони Ҷамшед ва Шаҳбоз Сайидаброров дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило ва Сайфулло Неъматзода дар вазни зери 100 кило миёни писарон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар мусобиқаи навҷавонон гуштигирони Қирғизистон 17 медал, аз он ҷумла 5 нишони тилло, ба даст оварданд. Мунтахаби Қазоқистон 4 медали тилло, дастаи Тоҷикистон ду медали тилло ва тимҳои Русия ва Узбекистон яктоӣ медали тилло гирифтанд.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни навҷавонон дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқ-Кӯли Қирғизистон

Писарон

- 60 кг

1. Меҳрзод Сӯфиев (Тоҷикистон)
2. Абдулло Саъдуллоев (Узбекистон)
3. Ҷамшед Сулаймонӣ ва Шаҳбоз Сайидаброров (ҳарду аз Тоҷикистон)

- 66 кг

1. Ислом Токтассин (Қазоқистон)
2. Артур Апишов (Қирғизистон)
3. Баҳромҷон Машрапов (Узбекистон) ва Байбол Саламат уулу (Қирғизистон)

- 73 кг

1. Жанассил Ануаров (Қазоқистон)
2. Азамат Қумисбоев (Қазоқистон)
3. Айбар Мукишев (Қазоқистон) ва Тулқин Очилов (Узбекистон)

- 81 кг

1. Аян Байгазӣ (Қазоқистон)
2. Абдулазиз Абдулазизов (Узбекистон)
3. Куаниш Ратаев (Қазоқистон) ва Амантур Жумали уулу (Қирғизистон)

- 90 кг

1. Анорбек Ишонбоев (Қирғизистон)
2. Раҷабалӣ Муҳаммадиев (Тоҷикистон)
3. Сардорбек Ҳасанов (Узбекистон)

- 100 кг

1. Тилек Абибеков (Қирғизистон)
2. Алманбет Мамазоиров (Қирғизистон)
3. Сайфулло Неъматзода (Тоҷикистон)

+100 кг

1. Сиймик Жапаров (Қирғизистон)
2. Озод Оринбоев (Узбекистон)
3. Достон Сарбатов (Қирғизистон)

Духтарон

- 48 кг

1. Кухунур Бону Икромова (Узбекистон)
2. Замира Турсуналиева (Узбекистон)
3. Айсулу Мусоқулова (Қирғизистон)

- 52 кг

1. Мирзайим Дуйшонбекова (Қирғизистон)
2. Алиман Маликова (Қирғизистон)
3. Сауле Алмазова (Қирғизистон)

- 57 кг

1. Зарина Сарипова (Қазоқистон)
2. Нозгул Дамирова (Қирғизистон)
3. Диана Хан (Қирғизистон)

- 63 кг

1. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
2. Фарангиз Ҳоҷиева (Узбекистон)
3. Ажар Исоева (Қирғизистон)

- 70 кг

1. Людмила Налётова (Русия)
2. Айчурок Молдокматова (Қирғизистон)

+ 78 кг

1. Шоҳида Нармуҳамедова (Қирғизистон)
2. Уланай Солиева (Қирғизистон)