Мақомот дар Фархор тасмим гирифтаанд, ки роҳҳои деҳаи Гулистонро, ки сокинон онро ғайрирасмӣ "Хористон" меноманд, бозсозӣ намуда, ин деҳаро обёрӣ кунанд. Ин тасмим баъди як гузориши Радиои Озодӣ гирифта шуд. Рӯзи 13-уми сентябр дар вебсайти Радиои Озодӣ матлабе роҷеъ ба мушкили мардуми ин деҳа ба нашр расида буд.