Як санҷиши ходимони "Тоҷикстандарт" муайян кардааст, ки дар таркиби шириниҳои чинӣ "чандин моддаи зиёновари кимиёвӣ" вуҷуд дорад ва ба хулосаи онҳо метавонад "кӯдаконро бемор кунад". Ҷониби Чин то ба ҳол ба ин хулосаи мақомоти тоҷик посух нагуфтааст. Сокинон мепурсанд, ки агар чунин маҳсулот бесифату зараровар аст, пас, чӣ гуна ба бозорҳои кишвар роҳ ёфтааст?
Манучеҳр Каримов, корманди озмоишгоҳи "Тоҷикстандарт", гуфтааст, шириниҳои сохти чинӣ махсусан ба саломати кӯдакони то панҷсола хатари ҷиддӣ дорад.
Вай афзудааст, "ин маҳсулот ҳатто дар ҳарорати баланд намесӯзад ва об намешавад. Ҳарорати бадани инсон 36-37 дараҷа аст. Мо онро дар ҳарорати 600-700 дараҷа месӯзонем, аммо намесӯзад. Пас, аз куҷо дар ҷисми инсон ҳал мешавад?"
Волидон мегӯянд, агар вазъ чунин нигаронкунанда аст, бояд мақомот иқдоми ҷиддӣ рӯйи даст бигиранд, то аз воридоти ин навъ маҳсулот ба бозор пешгирӣ шавад.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Тоҳири Воҳид, сокини Душанбе, гуфт, "ҳамингуна маҳсулотро бояд дар гузаргоҳи гумрукӣ даромадан намонанд. Инро фарзандони мо истеъмол мекунанд. Аз ин дида, чанд дона ангур хӯранд, фоидааш бештар аст."
Вале баъзе аз коршиносон мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд фанновариҳои куҳна ва вуҷуди фасоду хотирбинӣ намегузорад, ки роҳи ин навъ маҳсулоти, ба гуфтаи мақомот, зиёнбор ба бозорҳои Тоҷикистон пурра гирифта шавад. "Ин маҳсулот дар муқоиса ба маводи дигар хеле арзону дастрас аст. Мардум пули бисёр надоранд ва бо чунин маҳсулоти арзон кӯдакони худро ором мекунанд. Бояд шароити зиндагӣ беҳтар шавад, то мардум хубу бадро фарқ кунанд", -- гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо бе зикри номаш.
Дар ҳамин ҳол, як тоҷир гуфт, омили муайянкунанда дар низоми бозор талабот аст ва онҳо ҳамеша ба дархости муштариҳо нигоҳ карда, маҳсулот меоранд.
Дар гузашта низ чунин нигарониҳо аз тарафи сокинон на танҳо ба шириниҳои чинӣ, балки таҷҳизоту масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ин кишвар баён шудааст. Ҷониби Чин боре таркиби маҳсулоти худро ошкор ва дар бораи зиёнбор будан ё набудани он ҳарфе нагуфтааст.
Шириниҳои чиниро, ки аксаран дар шакли хеле ҷолибу рангоранг ва монанд ба бозичаҳо омода шудаанд, дар ҳар кӯчаву паскӯча ва ба вижа дар маҳалли дарсу бозии кӯдакон бо нархи хеле арзон дастрас кардан мумкин аст.
Салима, сокини пойтахт, бо фарзандони хурдсолаш ҳар рӯз дар роҳ ба мактаб аз назди чанд нуқтаи фурӯши шириниҳои арзони чинӣ мегузарад. Вай мегӯяд, бо вуҷуди хоҳишу исрори кӯдакон то охир талош мекунад аз харидани ин навъ маҳсулот худдорӣ кунад, аммо баъзан гиряву пойфишории кӯдакон ӯро водор мекунад аз фикраш гардад.
Шамсулло Назиров, сокини дигари Душанбе мегӯяд, "вақте дар кор ҳастам, модарашонро маҷбур мекунанд. Хусусан "Ролтон"-ро хушк мехӯранд."
Санҷиши ахири мақомоти "Тоҷикстандарт" муайян кардааст, ки дар таркиби шириниҳои чинӣ моддаҳои зараровари кимиёвӣ мавҷуд аст ва он метавонад кӯдаконро ба 200 навъи беморӣ гирифтор кунад. Роҳҳои ворид кардани шириниҳои чинӣ ба Тоҷикистон маълум нест, аммо дақиқ аст, ки ин маҳсулот солҳо боз бо ҳар роҳ ба бозор роҳ меёбанд.
Бо дарёфти шикоят аз болои тоҷирони чунин маҳсулот, мақомот гоҳе санҷиш мегузаронанд ва онҳо аксаран дар маъмулу серистифода шудани шириниҳои зараровар волидонро гунаҳкор мекунанд.
Аммо ҳоло дар миёни сокинон ин суол матраҳ аст, ки чаро воридкунандаҳои шириниҳои заҳрнок муайян ва муҷозот намешаванд? Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, дар гузшта мақомот воридоти баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла гӯшти мурғро аз Эрон ба хотири ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳо манъ карда буданд.
Дар нӯҳ моҳи соли гузашта мақомоти "Тоҷикстандарт" ба воситаи “Вайбер” аз мардум беш аз 300 шикоят гирифтаанд, ки дар он сокинон аз вуҷуди маҳсулоти пастсифат дар бозорҳо шикоят кардаанд. Дар ин муддат маъмурони ин ниҳод беш аз ду ҳазор тонна маҳсулоти ғизоии пастсифатро ошкор кардаанд.
Баъзе аз коршиносон мегӯянд, то замоне ки санҷиш дар гузаргоҳҳо сахттар нашавад ва хотирбинӣ дар идораҳо вуҷуд дорад, имкони пурраи пешгирӣ аз воридоти ин навъ маҳсулоти пастсифат имконнопазир хоҳад буд.