Маркази ягонаи интиқоли пул ба Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми октябр тасмими худро дар бораи ташкили системаи миллии интиқоли пул шарҳ дод, вале мушаххас нагуфт, ки он кай фаъол хоҳад шуд.

Бори аввал дар бораи нияти Тоҷикистон дар мавриди таъсиси Маркази ягонаи интиқоли пул расонаҳои Русия, аз ҷумла нашрияи "Коммерсант"-и чопи Маскав, моҳи августи имсол хабар доданд. Он замон баъзе аз созмонҳои марбут ба системаҳои интиқоли пул аз Русия гуфта буданд, ки таъсиси марказ аз сӯи Тоҷикистон дар ниҳоят боис ба гарон шудани нархи интиқоли пул мешавад.

Аммо Бонки Миллӣ дар изҳороти рӯзи панҷшанбе мегӯяд, маркази навтаъсис барои амалиёти интиқоли пул аз шарикон маблағ намегирад ва "хавфи зиёд шудани ҳаққи хизматрасонӣ (комиссия)-ро барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар бозори интиқоли маблағҳо аз байн мебарад".

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз сокинони Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки интиқоли пул аз хориҷа маҳдуд ва ё дарёфти пулҳои фиристодаи наздиконашон аз бонкҳои Тоҷикистон мушкил нашавад.

Масъулони Бонки Миллӣ рӯзи 3-юми октябр дар изҳороти худ як далели ташкили марказро чунин баён кардаанд: "Созмонҳои қарзии Тоҷикистон ҳар рӯз маблағҳои интиқолшавандаро ба муштариён аз ҳисоби худ дода, баъд аз як ё ду рӯз аз бонки хизматрасони низоми интиқолӣ мегиранд, ки ин раванд хавфи напардохтани маблағҳоро… зиёд мекунад."

Барои мисол, Бонки Миллӣ аз таҷрибаи муфлис шудани ду низоми фиристодани пул – "Мигом" ва "Лидер" - ёдовар шудааст, ки дар натиҷа "дар назди созмонҳои қарзии Тоҷикистон беш аз 1 миллион доллар, муодили 45 миллион рубли русӣ" қарздор мондаанд.

Дар идома Бонки Миллии Тоҷикистон исрор меварзад, ки бо таъсиси ин марказ ҷараёни интиқоли пулии фаромарзӣ "бетағйир мемонад".

Мария Михайлова, мудиромили Анҷумани миллии пардохтҳо дар Русия, ки ширкатҳои интиқоли пул узви он ҳастанд, рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "чунин шакли ташкили интиқоли пул дар ягон кишвари дунё нест. Албатта, ҳар кишвар системаи интиқоли худро дорад, аммо вақте гап дар бораи интиқолҳои фаромарзӣ меравад, тасмим бояд бо ду ҷониб мувофиқа карда шавад. Бисёр ҳайратовар аст, ки Тоҷикистон якҷониба чунин тасмим гирифт."

Масъулони Бонки Миллӣ дар ин изҳорот бо зикри чанд сабаб таъсиси чунин марказро муҳим хондаанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, бо таъсиси чунин марказ Бонки Миллӣ омори дақиқи интиқоли маблағҳоро аз хориҷи кишвар зери назар хоҳад дошт.

Айни замон ба гуфтаи масъулони ин ниҳод омори дақиқ оид ба ҳаҷми интиқоли пул дастрас нест ва "амнияти иқтисодии давлатро зери хатар мегузорад".

Ба гуфтаи масъулон, айни замон Тоҷикистон маханизми онлайни назорати "маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом"-ро надорад ва бо таъсиси чунин марказ ин имкон фароҳам хоҳад омад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки иқтисодаш пойбанди пулҳои фиристодаи муҳоҷирон аст. Сатҳи некӯаҳволии ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон ба пулҳои фиристодаи муҳоҷирон вобаста аст. Аксарияти муҳоҷирони кории тоҷик, беш аз як миллион нафар, дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Соли гузашта муҳоҷирон тавассути системаҳои интиқоли пул танҳо аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар ва дар ним соли 2019 беш аз 1,1 миллиард доллар фиристодаанд.

Маблағи миёнаи интиқоли як нафар $140-150 аст. Тоҷикистон аз нигоҳи ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия дар мақоми дувум қарор дорад.