Пой ва сутунмӯҳраи муҳоҷирон шикаст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар шаҳри Балашихаи вилояти Маскав тафтиши амалкарди ду маъмури милисаро оғоз кардаанд, ки ба бадрафторӣ бо муҳоҷирон муттаҳам мешаванд. Ба гуфтаи шоҳидон рӯзи 20-уми сентябр ду афсар вориди хонаи иҷораи муҳоҷирон шудаанд ва аз тарси онҳо ду муҳоҷир худро аз тиреза берун андохтаанд.