Сармураббии тими миллии Узбекистон Эктор Купер аз мақомаш барканор шуд,-хабар дод Эътилофи футболи Узбекистон.
Эктори Купери аргентинӣ моҳи августи соли гузашта сармураббӣ таъйин шуда буд. Таҳти роҳбарии вай тими миллии Узбекистон дар Ҷоми Осиё-2019 дар марҳилаи 1/8 финалӣ шикаст хӯрда буд.
"Эътилофи футболи Узбекистон аз Эктор Купер ва ҳайати мураббиёнаш барои фаъолият дар Узбекистон изҳори сипос мекунад ва орзуи муваффақият дорад", - омадааст дар изҳороти эътилоф.
Ҷуброни бекорсозии якҷонибаи шартнома ҳанӯз эълом нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки Куперро кӣ иваз мекунад.