Шиканҷа буд ё набуд? Баҳси тунд атрофи вазъи зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон дар Варшава

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нишасте зери унвони "Зиндонҳои Тоҷикистон – лонаи фасод ва дастгоҳи шиканҷаву марг" бо ҳузури гурӯҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва аксаран аъзо ва тарафдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи 18-уми сентябр дар Варшава ва дар ҳошияи машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон сурат гирифт.