Нишасте омехта ба гиря, эҳсос ва баҳси тезутунди тоҷикон дар Варшава. ВИДЕО

Абдуллоҳи Раҳнамо номаи Маҳмадалии Ҳаитро нишон медиҳад. 18-уми сентябри соли 2019. Варшава

Нишасте зери унвони "Зиндонҳои Тоҷикистон – лонаи фасод ва дастгоҳи шиканҷаву марг" бо ҳузури гурӯҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва аксаран аъзо ва тарафдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи 18-уми сентябр дар Варшава ва дар ҳошияи машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон сурат гирифт. Далели баргузоркунандагон барои интихоби чунин ном марги на кам аз 60 зиндонӣ дар як соли ахир дар Тоҷикистон будааст.

Моҳи ноябри соли 2018 дар натиҷаи ошӯбе дар зиндони Хуҷанд, 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Моҳи майи соли 2019 дар натиҷаи ошӯби зиндониёни шаҳри Ваҳдат, ки ба гуфтаи мақомот ифротиёну ДОИШ-иҳо буданд, 29 зиндонӣ ва се нозир кушта шуданд.

Тобистони имсол 14 маҳбус ҳангоми интиқол аз вилояти Суғд ба Душанбе дар роҳ ба ҳалокат расиданд. Мақомот гуфтанд, ки сабаби марги онҳо истеъмоли нони олуда будааст. Тафтиш дар ин замина идома дорад.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад, дар ин нишаст аз вазъи зиндонҳо интиқоди сахт кард. Ба иддаои ӯ, маҳбасҳо дар Тоҷикистон "ба макони бемориҳои ҷиддии сироятӣ, ба мисли вируси норасоии масунияти бадан ва зардпарвину сил табдил шудаанд."

Бобоев дар бораи муносибат бо аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар маҳбусоне, ки онҳоро зиндониёни сиёсӣ номид, низ сӯҳбат кард. Ӯ аз ҷумла аз сарнавишти Маҳмадалии Ҳайит, узви раёсати ҳизб ва Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои онҳо ёдовар шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шиканҷа буд ё набуд? Баҳси тунд атрофи вазъи зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон дар Варшава

"Бо вуҷуди он ки Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал баъди таҳқиқи парвандаи се зиндонии сиёсӣ – Маҳмадалӣ Ҳаит, Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки онҳоро фавран аз зиндон озод кунад ва ба онҳо ҷуброни моливу маънавӣ бипардозад, ҳукумат баръакс тавсияҳоро нодида гирифт ва ба шиканҷаи онҳо ва фишор ба хешовандонашон идома дод", - афзуд ӯ.

Аммо ин иддаоро мақомоти расмии Тоҷикистон, ки дар Варшава ҳузур доранд, беасос хонда ва рад карданд. Шариф Қурбонзода, намоянда аз Додситонии кулли Тоҷикистон, берун аз ин нишаст ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳар вақте ки арзу шикоятҳо дар бораи шиканҷа ворид мешавад, албатта, кормандони мақомоти прокуратура ба ҳар яки онҳо бо масъулияти баланд муносибат карда, санҷиши пурра ва дақиқи онро таъмин мекунанд. Аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул менамоянд. Маълумот дар бораи онки дар муассисаҳои ислоҳӣ шиканҷа васеъ истифода мешавад, асос надоранд. Аз ҷониби он нафароне, ки чунин маълумотро аз тариқи васоити омма паҳн менамоянд, ягон далели боэътимод вуҷуд надорад."

Аммо дар дохили нишаст, ғайриинтизор гурӯҳе аз ҳайати Тоҷикистон ҳузур ёфтанд. Ба онҳо низ навбат доданд, то назарашонро дар бораи вазъи зиндониён, аз ҷумла Маҳмадалии Ҳайит бигӯянд.

Абдуллоҳи Раҳнамо, муҳаққиқ ва аз намояндагони ҳайати расмии Тоҷикистон, бо ишора ба сӯҳбати омехта ба гиряи Гулбарг Саидова, ҳамсари Умаршоҳ Давлатов, яке аз аъзои зиндонии ҳизб, ҳозирони нишаст ва аъзову тарафдорони Ҳизби наҳзати исломиро танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ бо истифода аз фоҷиаи инсонҳо барои худ "карйераи сиёсӣ" месозанд. Гулбарг Саидова, ки зимни суханронӣ ашк рехт дар бораи он сӯҳбат кард, ки чӣ гуна бо фарзандонаш танҳо монд ва дар дохил падари пирашро "бурда меоварданд" то ба ӯ фишор биёранд.

Ӯ гуфт: "Ман инро маҳкум мекунам, ки гурӯҳи сиёсие мехоҳад, бо истифода аз фоҷиаи ин инсонҳо барои худ, имтиёзи сиёсӣ ба даст биёрад. Ин қобили қабул нест, ки мо ҳамчун инсон аз фоҷиаи ин одамон ва хонаводаҳои онҳо барои худ карйераи сиёсӣ бисозем ва инҷо тиҷорат ба роҳ монем."

Гулбарг Саидова, ки се сол боз дар Лаҳистон будааст, дар суханронии худ дар бораи вазъи зиндониён гуфт ва ҳам аз он шикоят кард, ки хешовандонаш дар Тоҷикистон мавриди таъқиб ҳастанд. Аммо Абдуллоҳи Раҳнамо дар идомаи суҳбаташ, иддао дар бораи таъқиб барои андешаҳои сиёсӣ ва эътиқод дар Тоҷикистонро рад кард.

Вай гуфт: "Агар бовар кунем, ки Ҳизби наҳзати исломӣ 40 ҳазор аъзо дошт, пас, имрӯз 57 узви он дар зиндон ҳастанд ва 50 нафар ҷустуҷӯ мешаванд. Бақия аъзои ҳизб озодона зиндагӣ мекунанд." Абдуллоҳи Раҳнамо баъдан номаеро нишон дод, ки ба гуфтаи ӯ худи Маҳмадалии Ҳайит навишта ва шиканҷа шуданашро рад кардааст.

"Мегӯянд, ки ӯ дар шароити баде нигаҳдорӣ мешавад, дасту пояшро шикастаанд. Ман ҳамчун инсон мегӯям, ки ҳамаи ин сад дар сад нодуруст аст", -- гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Баъд аз ин баҳси эҳсосие дар толор ба вуҷуд омад ва гурӯҳе аз намояндагони созмонҳои мухолифи давлат Абдуллоҳи Раҳнаморо ба дурӯғгӯӣ муттаҳам карданд ва муҷрии нишаст маҷбур шуд, ҳозиронро ба оромӣ ва хештандорӣ даъват кунад. Зоҳиран ба яке аз раҳбарони гуруҳе, ки масъули таъмини тартибот дар ҳамоиш дар Варшава буд, ҳушдор дода буданд, муроқиби ҳамоиши мазкур бошад, чун чанд дафъа дохили толор шуд ва онро мушоҳида мекард. Худи ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаққи суҳбат дар бораи корашро надорад.

Шариф Қурбонзода, намоянда аз Додситонии кулли Тоҷикистон, берун аз нишаст ба дурустии гуфтаи Абдуллоҳи Раҳнамо таъкид кард ва гуфт: "Вобаста ба он ки гӯё Маҳмадалии Ҳайит дар муассисаи ислоҳӣ шиканҷа шудааст, бори аввал аз ҷониби ҳамсари ӯ Савриннисо Ҷӯрабекова аз васоити ахбори омма муроҷиат шуд. Кормандони Прокуратураи генералӣ санҷиш гузарониданд. Дар моҳи март ҳама ҳолатҳо муайян карда шудааст. Дар вақти санҷиш дигар маҳкумшудагоне, ки дар ин муассиса адои ҷазо менамоянд, истифодаи шиканҷа нисбат ба Маҳмадалӣ Ҳайитро қатъиян инкор карданд.”

Маҳмадалии Ҳайити 62-сола, узви тундлаҳни раёсати Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро соли 2015 бо гуноҳи даст доштан дар ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ гунаҳкор дониста ва ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд. Худаш мегӯяд, ҳеҷ гуноҳ накардааст ва ӯро танҳо барои андешаҳои сиёсӣ ва мухолиф ба ҳукумат ба зиндон андохтаанд.

Фирӯз, писари Маҳмадалии Ҳайит баъд аз нишон додани нома ба нишаст ҳозир шуд ва дар бораи падараш суҳбат кард. Фирӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, хешовандонаш аз ӯ хостаанд, ки сӯҳбат накунад, чун онҳо зери фишор мемонанд: "Хешовандон менависанд, ки дар инҷо баромад накунам, чун фишор зиёд хоҳад шуд. Онҳо гуфтанд, мақомот метавонанд, модараму додарамро ғам диҳанд ва шиканҷаи падарам зиёдтар шавад."

Дар дохили нишаст баъд аз баҳси доғ дар бораи сарнавишти Маҳмадалии Ҳайит ва вазъи зиндониёну зиндонҳои Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ гуфт, агар ҳукумат мехоҳад, ҳақиқатро нишон бидиҳад, пас, бояд ба ҳомиёни ҳуқуқ иҷоза бидиҳад, ки худашон дохили зиндонҳоро бубинанд.

Ӯ бо муроҷиат ба Абдуллоҳи Раҳнамо гуфт: "Агар шумо ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, созмонҳои дохилӣ ва байналмилалӣ иҷоза медодед, ки (зиндонҳоро бубинанд), зарурати гуфтани мо дар ин бора пеш намеомад. Мо маҷбурем дар ин бора гап занем, чун ягон созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон имкон надорад, дар бораи тақдири зиндониёни сиёсӣ суҳбат кунад. Ба созмонҳои дохилии ҳомии ҳуқуқ, ба Салиби Сурх иҷоза бидиҳед, зиндонҳоро бубинанд, мо сокит мешавем."

Давлати Тоҷикистон пайваста гуфтааст, ки дар кишвар ягон зиндонии сиёсӣ вуҷуд надорад ва аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ барои ҷиноятҳои мушаххас маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ҳизби мазкур баъди хатми ҷанги дохилӣ дар соли 1997 сабти ном шуд ва то соли 2015 фаъолият мекард. Додситонӣ гуфт, ҳизби мазкур гӯё дар тарҳрезии ҳодисае даст дорад, ки мақомот онро ошӯби нофарҷом бо раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ меноманд. Гуфта мешавад ин воқеа дар моҳи сентябри соли 2015 рух додааст. Баъди ин бо ҳукми додгоҳи олӣ созмонро ифротӣ ва террористӣ номида, фаъолияташро қатъ карданд. Раҳбарони ҳизби акнун мамнуъ, ки дар Аврупо ба сар мебаранд, мегӯянд, ин иддао асос надорад ва мақомот бо ин иттиҳом ҳизби мухолифро аз кишвар ронда, аъзои аршади онро зиндонӣ кардаанд.