Баҳодур Усмонов, муштзани тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, дар даври ҳаштякниҳоӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.
Баҳодур дар ҳаштякфинал дар вазни зери 63 кило шоми сешанбеи 17-уми сентябр бо Софян Умиҳа аз Фаронса рақобат кард ва бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд. Зимнан, Софян қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017, барандаи медали нуқраи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро дар вазни зери 60 кило мебошад ва имсол ӯ дар вазни зери 64 кило бо медали нуқраи Бозиҳои аврупоӣ мукофотонида шудааст.
Ёдовар мешавем, аз ин пеш Баҳодур дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Екатеринбург 12-уми сентябр дар даври аввал бар Александр Железняк аз Украина бо ҳисоби 5:0 ғолиб омада, дар даври дувум рӯзи 14-уми сентябр Эрдемир Туғрулро аз Туркия дар раунди севум бо нокаути техникӣ шикаст дода буд.
Бояд гуфт, ки Баҳодури 21-сола дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки моҳи апрели имсол дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир гардид, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.
Ҳамчунин ӯ соли равон дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкеки Қирғизистон ва Отирави Қазоқистон медалҳои тилло, ҳамчунин дар Ҷоми президенти Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овардааст.
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Екатеринбург чаҳор варзишгар намояндагӣ кард: Бахтовар Сагизов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг) ва Мирзомуҳаммад Бахтиёр (-75 кг).
Аз миёни муштзанҳои тоҷик аввалин шуда Мирзомуҳаммад Бахтиёр рӯзи 9-уми сентябр дар вазни зери 75 кило ба рақобат пардохт. Вале ӯ дар даври аввал аз Ҳавйер Мартинес аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.
Шаббос Неъматуллоев рӯзи 10-уми сентябр дар даври аввал дар вазни зери 81 кило бар Лиридон Нуҳа аз Шведсия бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври баъдӣ 15-уми сентябр аз Абдулраҳмон Салоҳ Орабӣ аз Миср бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт.
Бахтовар Сагизов 11-уми сентябр дар даври аввал дар вазни зери 57 кило аз рақибаш Муҳаммад Ҳамоут аз Марокаш бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.
Ба ин тартиб, ҳамаи чаҳор варзишгари тоҷик, ки дар даврҳои интихобӣ ё квалификатсионӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд ва аз Екатеринбург бо раҳбарии сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Мирзо Шамсиев бе медали қаҳрамонии бокси ҷаҳон бармегарданд.
Чунонки сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) хабар додааст, дар мусобиқоти 20-уми қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар Екатеринбург 365 варзишгар аз 78 кишвар аз рӯи 8 дараҷаи вазнҳо – зери 52, 57, 63, 69, 75, 81, 91 кило ва беш аз 91 кило –рақобат мекунанд. Қаҳрамонҳои ҷадиди ҷаҳон дар қувваозмоиҳои ниҳоӣ шоми шанбеи 21-уми сентябр маълум хоҳанд шуд.
Мақсади аслии зӯртарин муштзанҳои ҷаҳон дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токиои Ҷопон мебошад. Вале мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Екатеринбург роҳро ба Олимпиадаи Токио-2020 намекушояд, зеро ки ба иллати муноқиша миёни Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муштзанҳоро лозим меояд боз дар як мусобиқаи квалификатсионӣ ё интихобӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳои олимпӣ мубориза баранд.
Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи варзиши тоҷик се муштзан дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон се медал ба даст овардааст, ки ҳарсеаш нишони биринҷист. Абдусалом Ҳасанов соли 2003 дар Бангкоки Тайланд дар вазни зери 57 кило, Шералӣ Достиев соли 2005 дар Мяняни Чин дар вазни зери 48 кило ва Анвар Юнусов соли 2011 дар Бокуи Озарбойҷон дар вазни зери 56 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.