Писари "Шери Панҷшер" ба роҳи падар қадам гузошт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Писари қаҳрамони миллӣ ва ҷанговари маъруфи афғон Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд, роҳи падарро интихоб кардааст ва мехоҳад дар бунёди як Афғонистони нав ва замонавӣ хидмат кунад. Ӯ ҳам мисли падар Аҳмад ном дорад ва дар мусоҳибаи ихтисосиаш бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз сулҳ бо Толибон ҳушдор дод ва мехоҳад, бар зидди идеологияи ифротии ин гурӯҳ мубориза барад.