Дарси мардумсолорӣ дар Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Норозиёни Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, ки ду ҳафта пеш аз натиҷаҳои интихоби вакилони ҷамъият эътироз карда буданд, мегӯянд, баъд аз нашри матлабе дар Радиои Озодӣ дархосташон пазируфта шуд. Натиҷаи ҷаласаи қаблӣ беэътибор ва рӯзи 30-юми август интихоби дигарбораи вакилон баргузор шуд.