Ҷанҷол сари якшанбе. Оғози таҳсил ё рӯзи истироҳат?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бар хилофи он ки имсол якуми сентябр ба рӯзи якшанбе рост омада ва истироҳатист, мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хонандагону донишҷӯён ва устодонро ба мактаб даъват кардаанд. Онҳо мегӯянд, соли хониш бояд дар вақти таъйиншуда баргузор шавад, агарчӣ рӯзи корӣ нест.