Ба иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори даҳум баргузор шуд, 74 варзишгари наврас аз Афғонистон, Беларус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат дошт.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи имсола, ки дар Майдони тенниси КВД “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон барпо гардид, 12 варзишгар намояндагӣ кард.
Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни писарон варзишгари тоҷик Исамҷон Шарифов ғолиб шуд. Данила Мороз аз Беларус мақоми дувумро касб намуд. Ҷойи севум насиби теннисбози дигари тоҷик Аминҷон Абдуллоев гардид.
Рақобатҳои инфиродӣ миёни духтарон бо ғалабаи Моҳинур Шарипова аз Узбекистон хотима ёфт. Теннисбозони тоҷик Наргиза Яҳёева ва Диана Иванихина мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро соҳиб шуданд.
Дар рақобатҳои ҷуфти писарона варзишгарони тоҷик Исамҷон Шарифов/Аминҷон Абдуллоев ҷойи аввалро азони худ карданд. Ҷойи дувумро ҷуфти омехтаи Данила Мороз (Беларус)/Бахтиёр Исроилов (Тоҷикистон) ишғол намуд. Ҷойи севумро Марамадшо Айёмбеков/Тошпӯлод Саидмуродов (ҳарду аз Тоҷикистон) гирифтанд.
Дар рақобатҳои ҷуфти духтарона Наргиза Яҳёева/Диана Иванихина аз Тоҷикистон пирӯз шуданд. Ҷуфти дигар аз Тоҷикистон Амина Шерхонова/Сумайя Тухтаева ҷойи дувум, ҷуфти омехтаи Уммия Облоқулова (Тоҷикистон)/Моҳинур Шарифова (Узбекистон) ҷойи севумро соҳиб шуданд.
Ба ғолибони мусобиқа миёни писарону духтарон ба ҷуз аз ҷому медалу ифтихорнома ҷоизаҳои молӣ ба маблағи 1000 доллари ИМА супурда шуд. Ба теннисбозоне, ки ҷойҳои дувумро гирифтанд, 800-долларӣ тақдим гардид. Барои ҷойҳои севум ҷоизаҳои молӣ ба маблағи 500-долларӣ эҳдо шуд.
Бояд тазаккур дод, мусобиқаи теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сар аз соли 2005 доир мегардад.