Шишапораҳои рехтаву дастгоҳҳои дӯзандагии парешон, матоъҳои нимдӯхту порашуда ва дару тирезаҳои шикастаи коргоҳе дар маҳаллаи Бедили пойтахт то якуним моҳи пеш макони ҳунаромӯзии занони маълул буд. Аммо ҳоло он ба як макони парешону беодам табдил ёфтааст ва мақомот афродеро, ки ин коргоҳи хурди дӯзандагиро ғорат карданд, ҷустуҷӯ доранд.