Саҳнасозӣ то ба кай? Камбудҳои "Нишон"-е, ки президент кушод. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Навори фиристодаи корбаронро дар ин ҷо тамошо кунед

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Зафаробод боғи ба номи Садриддин Айниро ба истифода дод ва дар маросими рӯкушоии муҷассамаи "Нишони давлатӣ" иштирок кард. Баъзе аз сокинон мегӯянд, баъд аз рафтани президент саҳнасозии сохтмончиёнро дар канори "Нишони давлатӣ" ошкор намудаанд.

Як корбари Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми август видеоро фиристод, ки дар он дида мешавад сангҳои мармарро ба муҷассама начаспондаанд. Муаллифи навор изҳори умед кардааст, ки “акнун масъулон оромона тамоми камбудҳои муҷассама ва иншооти дигари ҷашниро аз байн хоҳанд бурд”.

Сафари кории президенти Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рӯзи якшанбеи гузашта ба поён расид. Ӯ тӯли панҷ рӯз дар Хуҷанду Гулистон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод буд.

Дар гузашта низ аз чанд мавриди сохтакорӣ ё саҳнасозии мақомоти шаҳру ноҳияҳо ҳангоми сафари раиси ҷумҳур гузориш шудааст.

Навори фиристодаи корбаронро дар ин ҷо бинед: