Саҳнасозӣ то ба кай? Ё кай муҷассамаи ҷашнӣ такмил мешавад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Зафаробод боғи ба номи Садриддин Айниро ба истифода дод ва дар маросими рӯкушоии муҷассамаи "Нишони давлатӣ" иштирок кард. Баъзе аз сокинон мегӯянд, баъд аз рафтани президент саҳнасозии сохтмончиёнро дар канори "Нишони давлатӣ" ошкор намудаанд.