Аммо ҳоло он ба як макони парешону беодам табдил ёфтааст ва мақомот афродеро, ки ин коргоҳи хурди дӯзандагиро ғорат карданд, ҷустуҷӯ доранд.
Дар инҷо ҳудуди бист зан ҳунари дӯзандагиву бофандагӣ ва ороишгариро аз худ мекарданд. Ин коргоҳи хурд орзуи духтари 15-солаи Бибикалон Хоҷаева буд, ки мехост бунёд кунад, аммо умраш вафо накард. Модар орзуи духтари ҷавонмаргашро амалӣ кард.
Мақомоти маҳаллӣ баъди кӯмакхоҳӣ, ба ин зан масҷиди собиқи маҳалларо, ки ба ҷои ҷамъиятӣ табдил ёфта буд, дар ихтиёраш гузоштанд. Аммо пас аз он, ки афроди ношинос коргоҳи ӯро дар маҳаллаи Бедили ноҳияи Шоҳмансур ғорат карданд, бо афсурдагӣ мегӯяд, ки касе ба додаш намерасад.
"Ба милисаҳо хабар додем, омада диданд"
Ин сокини 51-солаи шаҳри Душанбе, ки худ маъюби гурӯҳи дуюм аст, мегӯяд, нахуст корро бо мошинаи дарздӯзии шахсӣ ва маблағи ночизи маъюбӣ шуруъ кард. Баъдан бо кӯмаки Кумитаи занон ва гранти президентӣ беш аз даҳ мошинаи дарздӯзӣ ва дигар чизҳои лозимӣ барои коргоҳро харид ва ба занону духтарони маъюб як сол ройгон ҳунар меомӯзонд.
Бибикалон Хоҷаева қисса мекунад, ки ҳудуди якуним моҳи пеш вақте як субҳ ба кор омаданд, тирезаҳои коргоҳро шикаста дарёфтанд ва вақте вориди он шуданд, диданд ки қисме аз амволи коргоҳ дуздида шуда буд.
Вай гуфт, "ду кондитсионер, матоъ дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ, тахминан ҳазор сомонӣ маблағ ва чандин куртаҳои дӯхташударо бо худ бурданд. Ду мошинаро шикастанд, вале натавонистанд аз тиреза берун бароранд, партофта рафтанд. Тамоми коргоҳро кофтукоб кардаанд. Тирезаҳоро шикастанд. Ҳамон замон ба милисаҳо хабар додем, омада диданд".
Бибикалон Хоҷаева мегӯяд, то ҳол мақомот ғоратгаронро пайдо накардаанд ва бо ҳамин фаъолияти коргоҳашон қатъ шуд. Занон ҳам дигар ба ин макон намеоянд. Агар як сабаби ба коргоҳ наомадани занони маълул ғорат шудани он бошад, сабаби дигарро Бибикалон дар бархурди сарди бархе сокинони маҳалла медонад.
Коргоҳ ба ҷои масҷиди "ғайриқонунӣ"
Ӯ мегӯяд, таъсиси коргоҳ дар макони масҷиди собиқ на ба ҳама хуш омад. Ӯ гуфт, хуб дарк мекунад, ки табдили масҷидҳо ба маконҳои тафреҳӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ барои бархе аз сокинон писанд нест. Аммо мегӯяд, илоҷи дигар надорад, чун мехоҳад маъюбон ҳам ҳунаре омӯзанд ва дар зиндагии худ дастнигар набошанд.
"Инҷо аввал масҷид буд, одамон дар рӯи мо нагӯянд ҳам, бо ҳар роҳ баҳона мекунанд, ки инҷоро мардуми маҳалла обод карда буду шумо гирифта коргоҳ кардед. Гоҳе баҳона мекунанд, ки ин ангурҳоро мо шинонда будем ё мошинамонро дар ҳавлии масҷид мегузорем. Шунидам ки бархе аз сокинон ба занону духтаронашон таъкид кардаанд, ки агар ба ин коргоҳ оянд, аз хона меронанд. Агар ягон соҳибкоре бошад, ки моро бо ҷои дигаре таъмин кунад, аз ин макон меравем”-афзуд ӯ.
Мақомоти милиса гуфтанд, ҷустуҷуи афроди ғоратгар идома дорад ва онҳо ҳанӯз касеро дар ин ҳодиса гумонбар пайдо накардаанд.
Сокинони маҳалла мегӯянд, аз дуздида шудани амволи ин коргоҳ нигаронанд ва ба фаъолияти он мухолифат надоранд. Беҳрӯз Шукуров, як сокини маҳаллаи Бедили ноҳияи Шоҳмансур дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳолат набояд аз сокинони маҳалла домангир шуд, зеро ин бино бо кӯмаки сокинон бунёд шудаву кондитсионерҳо ҳам аз ҳисоби мардум харида шуда буданд. Беҳрӯз ҳам мегӯяд, бояд мақомот ба ин занон кӯмак кунад, то афроди ғаротгар пайдо шавад. "Ҳеҷ вақт мардум ин корро намекунад. Шояд афроди бегона дуздӣ карданд",-мегӯяд вай.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот чӣ мегӯянд?
Мақомоти ноҳия аз ин ҳодиса огоҳанд. Садбарг Саъдуллоев, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, замоне ки раҳбари бахши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия буд, дархости Бибикалон Хоҷаеваро барои ҷудо кардани макон худи ӯ қабул карда, баъдан ҳамин масҷиди собиқро ба онҳо додаанд.
Ба гуфтаи Саъдуллоева, худи ӯ ҳам ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия дар тамос шуда, аз ҳодисаи дуздида шудани бархе амволи ин коргоҳи хурди дӯзандагӣ хабар дод. "Бори дуюм ҳам занг задам, гуфтанд, ки тафтиш карда истодаанд, акнун инаш кори онҳо. Ман ҳам назорат дорам. Чанд маротибаи дигар онҳо шикоят карданд, ки бархе аз мардуми маҳалла аз ҳузури онҳо ва фаъолияташон дар ин маҳалла розӣ нестанд. Вале, дақиқан аз касе ном набурданд, ки мо ҳам ӯро пурсуҷу кунем. Ҳоло ҳамин қадар имкон буд, бо ҷой таъмин кардем".
Ин масъули ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, дар тавозуни ноҳияи Шоҳмансур 12 чунин ҷойҳои ҷамъиятӣ мавҷуд аст ва ҳоло ҳамаи онҳо ба чунин коргоҳҳои хурди дузандагиву пазандагӣ табдил дода шудааст.
Табдили масҷидҳои ба гуфтаи мақомот "ғайрирасмӣ" ба маконҳои тафреҳӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар соли 2010, баъди мавриди иҷро қарор гирифтани қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ оғоз шуд. Дар ин муддат беш аз ҳазор масҷид дар гӯшаҳои Тоҷикистон ба ҷои ҷамъиятӣ табдил дода шудааст. Аз ҷумла, дар пойтахт ҳам даҳҳо масҷиди "ғайриқонунӣ"-ро баста, ба марказҳои фарҳангиву бунгоҳҳои тиббӣ, боғчаи кӯдакон ва дафтари кумитаи маҳаллаҳо табдил додаанд.
Бибикалон мехоҳад кӯмакаш ба маъюбонро идома диҳад
Бибикалон Хоҷаева мехоҳад фаъолияташро идома диҳад ва аз ин роҳ ба ҳамтақдиронаш кӯмак кунад, то дар зиндагӣ ба касе мӯҳтоҷ нашаванд. Ин зани маълул, ки ҳоло ба танҳоӣ ду писари ноболиғу маъюбашро бузург мекунад, мегӯяд, дар ҳаёт ранҷи зиёд дидааст ва барои табобату нигоҳубинӣ як нафари маъюб маблағи зиёд ва таваҷҷуҳи хос лозим аст.
Ду писари ӯ ки як пойҳояшон фалаҷ аст, ҳамроҳ бо модар дар ин коргоҳ кор мекунанд ва ба ӯ кумак мерасонанд. Ӯ аз он афсус мехӯрад, ки бо пуле ки бояд пояшро ҷарроҳӣ мекард, коргоҳ бунёд кард, вале он ғорат шуду ҳоло касе ба додаш намерасад. Умед дорад афроди хайрхоҳе пайдо мешаванд ва ба ӯ кумак мекунанд то корашро идома диҳад.
Маъюбон дар Тоҷикистон як қишри нодор маҳсуб меёбанд ва нафақаи ночиз мегиранд. Бар асоси омори расмӣ, шумори афроди маълул, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд 160 ҳазор нафар аст, ки 26 ҳазори онҳоро афроди то 18-сола ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Душанбе теъдоди афроди маълул ҳудуди 14 ҳазор тан будааст.