Бозори реклама дар Тоҷикистон дасти кист?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои давлативу мустақил хостори танзими бозори реклама дар Тоҷикистон шуданд. Онҳо мегӯянд, бебандуборӣ ва рақобати носолим метавонад дар оянда ин бозорро фалаҷ кунад. Реклама дар кишварҳои пешрафта як бахши аслии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад ва ин кишварҳо аз андозҳои бозори реклама ва фоидаи соҳибкорон аз тиҷорати муваффақ, фоидаҳои зиёд ба даст меоранд.