"Ҳарҷу марҷ" дар бозори реклама аз куҷост? ВИДЕО

Созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои давлативу мустақил хостори танзими бозори реклама дар Тоҷикистон шуданд. Онҳо мегӯянд, бебандуборӣ ва рақобати носолим метавонад дар оянда ин бозорро фалаҷ кунад.

Реклама дар кишварҳои пешрафта як бахши аслии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад ва ин кишварҳо аз андозҳои бозори реклама ва фоидаи соҳибкорон аз тиҷорати муваффақ, фоидаҳои зиёд ба даст меоранд.

Дар як ҳамоише, ки бо ширкати масъулини расонаҳои давлативу мустақил ва ниҳодҳои рекламадиҳандаву созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе баргузор гардид, дарёфти роҳҳали чанд мушкили умдае, ки домангири бозори реклама дар кишвар аст, матраҳ шуд. Дар ин ҳамоиш аз ҷумла гуфта шуд, бо вуҷуди он, ки солона дар бозори рекламаи Тоҷикистон ҳудуди 10 миллион доллар гардиш мекунад, аммо ин маблағ ниёз ба танзим дорад.

Абдумалик Қодиров, раҳбари дафтари "Интернюс" дар Тоҷикистон ва аз мубтакирони ин нишаст гуфт, ҳадафи аслии ин ҳамоиш, ба як фарҳанги дуруст табдил додани истифодаи пул барои рекламест, ки аудитория дорад. Вай гуфт, бояд рекламадиҳанда маблағашро на барои дақиқаҳои зиёди эфири расонаҳо ё таблоҳои бузурге дар хиёбонҳо, балки барои аудиторияи васеъ харҷ кунад.

Ӯ ин ҳамоишро қадамҳои аввал барои ба ҳам овардани бозигарони бозори реклама медонад. Қодиров гуфт, "мо мехоҳем як платформаи умумие таҳия шавад ва ширкате, ки таҳлил ва аудиторияро муайян мекунад, рӯи кор ояд. Бояд рейтинги расонаҳо муайян бошад, вақте рекламадиҳанда дар бораи аудиторияи ин ё он расонаҳо хабар меёбад, он вақт медонад, ки ба куҷо пул медиҳад ва пули ӯ дуруст масраф мешавад ё не".

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир қисми зиёди бозори реклама дар инҳисори радио ва телевизионҳои давлатӣ қарор дорад. Саҳми боқимонда ба расонаҳое монанди радиоҳои "Азия-Плюс", "Ватан", "Имрӯз" ва бархе аз телевизионҳои мустақил рабт мегирад. Масъулини расонаҳои мустақил мегӯянд, даромад аз рекламаро бештар барои маоши кормандон ва истеҳсоли контенти ҷолиб сарф мекунанд.

Аъзамхон Акбаров, раҳбари телевизони мустақили "Азия" дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, барои ҷалби ҳарчӣ бештари реклама бояд расона контенти хуб дошта бошад. Дар ин ҳолат реклама метавонад муассир бошад ва рекламадиҳанда ҳам фоида ба даст биёрад. Ӯ гуфт, 40 дарсади маблағ аз ҳисоби реклама барои сохтани контентҳо сарф мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бозори реклама дар Тоҷикистон дасти кист?

Ба гуфтаи Аъзамхон Акбаров, набояд арзиши реклама дар телевизион арзон бошад, чун дар ин ҳолат расона наметавонад, ҷолибияти барномаҳояшро таъмин кунад. "Албатта рекламаи зиёд барои тамошобинон писанд нест. Онҳо фикр мекунанд, ки мо маблағи зиёд мегирем. Инхел нест. Дар баробари ин, ки манбаи асосии даромади аксар расонаҳои мустақил реклама аст, боз таҳияи контентҳо, ки аудиторияро ба худ ҷалб кунад, аз ҳамин ҳисоб мебошад".

Аммо сокинон дар ин замина мегӯянд, онҳо маъмулан ба реклама ва тарғиботе таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, ки таввасути телевизион ва радио дар ҳаҷми хеле кӯтоҳ пахш гардад ва ё дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дар шакли овезаҳо бо аксҳои ҷолибу ҳаракаткунанда инъикос ёбанд.

Акбар -- як ҳамсӯҳбати мо гуфт, бештар барояш тарғиби масолеҳи сохтмонӣ ҷолибтар аст. Вай гуфт, "реклама дар телевизион таъсири бештар дорад. Лекин набояд аз як ё ду дақиқа зиёд бошад. Чун ҳоло телевизону радиоҳо аз реклама пур шудаанд, баъзан аз субҳ то шом фақат реклама пахш мекунанд, ки инаш ҳам хуб нест".

Ҳамчунин сокинон пахшу нашри рекламаҳо бо забони русиро бартарӣ медиҳанд ва мегӯянд, огаҳиҳо бо забони тоҷикӣ чандон таваҷҷуҳро ҷалб намекунад. Таҳлилгарон мегӯянд, бозори рекламаи Тоҷикистон ҳарчанд ғанӣ аз таблиғоту огаҳиҳои тиҷоратӣ аст, вале ҳамоно дар муқоиса ба бозори рекламаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ даромади камтар дорад.

Ҳоло аз ҳама бештар ширкатҳои хадамоти мобилӣ ва фурӯши масолеҳи сохтмониву таҷҳизоти хона дар ин бозор маблағ сарф мекунанд. Вале огоҳон мегӯянд, 10 млн долларе, ки солона аз ҳисоби рекламадиҳандаҳо ба ин фазо мерезад, кам нест ва бояд он муассиру чорасоз бошад.