Хабари тақдими шиносномаҳои Узбекистон ба афроди бидуни шаҳрвандӣ Абдумаҷид Абдиевро низ хеле ба умед карда буд. Вай соле пеш аз мақомоти Узбекистон хост, ба ӯ шиноснома бидиҳанд, аммо то ин дам дар мақоми ҳуқуқии ин зодаи Тоҷикистон ҳеч пешрафте нашудааст.
Абдиев соли 1993, вақте чаҳорсола буд, дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ бо волидонаш зодгоҳи худ шаҳри Турсунзодаро тарк кард ва дар Узбекистон зиндагӣ мекунад. Хонавода умед дошт, фирор аз ҷанг ва оғози зиндагӣ дар вилояти Намангон барномаҳои зиндагии онҳоро ба самти беҳтар тағйир медиҳад, вале чунин нашуд.
Шиносномаҳои аъзои хонавода ба санадҳои “Шахси бидуни шаҳрвандӣ” иваз шуд ва бо ҳамин, ҳеҷ гоҳ аризаи онҳо барои дарёфти шаҳрвандии Узбекистон қонеъ нашуд.
Абдумаҷид Абдиев рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар давраи раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов бори аввал солҳои 1997-98 аризаи дарёфти шаҳрвандӣ дода, ду сол баъдаш посухи рад гирифтанд. Баъди ин ҳатто аризаҳои онҳоро қабул накардаанд. Соле пеш, баъди паҳн шудани хабарҳо дар бораи тақдими шиносномаҳо ба афроди бидуни шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби дафтари президент Шавкат Мирзиёев нашр шуд, Абдумаҷид ва падараш аризаи нав супурданд.
Ба гуфтаи ӯ, баъди муддате аз онҳо иловатан хостанд, ки санади даромад ҳам супоранд, вале дигар ҳеҷ гапу хабаре нашуд. Абдумаҷид Абдиев мегӯяд, намедонад, ки бо чӣ сабаб мақомот дар тақдими шаҳрвандӣ худдорӣ мекунанд.
“Ман сабабашро намедонам, вале тахмин мекунам, ки дар Узбекистон онҳо намехоҳанд, ки шумори бекорон зиёд шавад”, -- гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.
Абдиев мегӯяд, бо мақоми шахси бидуни шаҳрвандӣ ӯ имкони дарёфти кору шароити хуби корро надорад ва ҳоло маҷбур аст дар шаҳри Тошканд мардикорӣ кунад ва мушкилоташ зиёд асту кам не:
“Масалан, ба банк равам, барои кушодани ҳисоб, ба ман мегӯянд, ки мо фақат ба шаҳрвандони Узбекистон хидмат мерасонем. Ягон бонк розӣ намешавад. Мушкили дигар ин сафар ба хориҷ аз Узбекистон аст. Ҳар дафъа, ки мехоҳам ба ҷое сафар кунам, бояд санади “иҷозаи иқомат”-амро супурда, санади иҷозаи сафар ба хориҷаро бигирам”.
Соли 2016 дафтари президенти Узбекистон хабар дод, ки бо фармони Мирзиёев ба 179 нафар шаҳрвандии Узбакистонро тақдим кардааст. Дар ин феҳрист исми 9 шаҳрванди собиқи Тоҷикистон ҳам бурда шуд. Соли 2018 коргардони маъруфи тоҷик Бақо Содиқов баъди 22 соли зиндагӣ дар Узбекистон дар маросиме ботантана бо ширкати шаҳрдори Тошканд соҳиби шиноснома гардид.
Содиқов ва дигар афрод бар асоси як амри нонавиштаи ҳукумати Каримов наметавонистанд, шаҳрвандии Узбекистонро ба даст оранд. Ҳомиёни ҳуқуқ қонуни нонавиштаи худдорӣ аз тақдими шаҳрвандиро яке дигар аз тасмимҳои баҳсбарангезу табъизомези Ислом Каримов меноманд, ки ҳеҷ гоҳ расман шарҳ дода нашудааст.
Вебсайти “Евразиянет” ахиран дар мавзӯи сокинони бидуни шаҳрвандии Узбекистон гузориш нашр кард. Ин расона бо такя ба ҳуқуқшинос Шӯҳрат Ғаниев, ки ба афроди бидуни шаҳрвандӣ кумак мекунад, навишт, аз соли 2019 Узбекистон ба беш аз 2 ҳазор нафар шаҳрвандии Узбекистонро тақдим кардааст. “Ин, албатта, қатрае дар об аст, - гуфтааст Ғаниев ба расона, - вале дар қиёс бо солҳои гузашта пешрафти ҷиддӣ мебошад”.
Худдории мақомоти Узбекистон дар тақдими шаҳрвандӣ ба аризадиҳандаҳо боис ба он шуд, ки бисёриҳо барои гирифтани шаҳрвандии дигар кишварҳо, ба вижа Русия муроҷиат кунанд. Русия, ки дар фикри ҳалли масоили демографии худ мебошад, барномаҳои зиёди ташвиқкунандаи дарёфти шаҳрвандӣ барои зодаҳои СССР ва ҳам донандагони фарҳангу забони русӣ дорад.
Моҳира, ки соли 1994 аз Душанбе ба Самарқанд арӯс шуд, ҳеҷ гоҳ натавонист, бо дипломи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳамчун як шахси комилҳуқуқ кору зиндагӣ кунад. Вай баъди 15 соли бешаҳрвандӣ ба Русия рафта, шиносномаи ин кишварро гирифт. Моҳира мегӯяд, сиёсатҳои печидаву носанҷидаи мақомот мардуми зиёдро сарсону саргардон мекунанд ва ӯ худро як қурбонии режими Узбекистон меномад, ки нагузошт орзуву ормонҳояшро амалӣ кунад.
Ин зан ҳоло ҳам хонанишин аст ва бо гузашти солҳои зиёд наметавонад аз рӯи ихтисос кор кунад.
Надежда Атаева, ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, афроде, ки шаҳрвандии Узбекистонро надоранд, асосатарин ҳуқуқашон маҳдуд аст. Аз ҷумла, ҳуқуқ барои ҳифзи иҷтимоӣ, ҷойи кор ва ғайра.
“Дар айни чунин ҳолат онҳое қарор доранд, ки дархости шаҳрвандӣ гирифтанашон рад шудааст. Танҳо ин санад имкон медиҳад, ки ҳуқуқи шаҳрванд пурсамар ҳимоя шавад ва ӯ дар интихобот ширкат варзад. Ҳамчунон муҳоҷирони сиёсӣ аз Узбекистон ба таври оммавӣ аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд. Дар ҳар се ҳолат ҳам ҳадаф як аст - маҳдуд кардани ҳуқуқ ва ҳифзи сарчашмаи ришва. Ин таҷриба ба он ишора мекунад, ки «рӯйхати сиёҳ» ҳанӯз боқӣ мемонанд ва баррасии аризаҳо интихобӣ ва бо нақзи уҳдадориҳои байналмилалӣ сурат мегирад”, -- афзуд ӯ.
Омори дақиқи афроди бидуни шаҳрвандӣ дар Узбекистон вуҷуд надорад, вале боре соли 2010 ҳукумати ин кишвар ба Кумитаи СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ гузориш дода буд, ки тахминан 87 ҳазор нафар дар ин кишвар дар ҳолати бешаҳрвандӣ ба сар мебаранд.
Комиссариати олии СММ оид ба муҳоҷирон дар гузориши худ гуфтааст, ки бовар дорад, шумори воқеии афроди бидуни шаҳрвандӣ аз ин ҳам бештар аст, вале ҳукумати Узбекистон барои ҳамкорӣ дар ҳалли мушкили ин афрод моил нест.
Бархе хабарнигорону коршиносоне, ки масоили Узбекистонро пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, ки хабару гузоришҳои ҳангомабарангези ҳукумати Мирзиёев дар бораи тақдими шаҳрвандӣ аз қабили хабарҳои таблиғотии ҳукумати баъди Каримов аст, ки мехоҳад, худро ба унвони як ислоҳталаб ва ҳомии ҳуқуқ намоиш диҳад. Вале дар асл чунин нест ва ҳама гуна ислоҳоту тағйирот бо кундӣ пеш меравад ваё ба ихтиёри бюрократҳое бармехӯрад, ки аз замони Каримов боқӣ мондаанд.