Дар баъзе аз минтақаҳои кишвар синфхонаҳои махсус барои таълими лӯлиён амал мекунад. Дар он намояндагони синнашон гуногуни қавми ҷӯгӣ аз синфи як то чаҳорум мехонанду бас. Баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон хостаанд, барои таҳсили ҷӯгиён шароити муносиб фароҳам оварад. Мақомот мегӯянд, шароит барои таҳсили лӯлиён ҳамчун ақаллияти миллӣ фароҳам аст, вале худи онҳо ҳавсалаи хондан надоранд. Инчунин, ба қавли мақомот, лӯлиён барои фарзандони худ шаҳодатномаи таваллуд намегиранд ва ин ҷалби онҳоро ба мактаб мушкил мекунад.
Фариштаи 10-сола аз қавми лӯлиён аст ва имсол бори аввал ба мактаб меравад. Ин сокини деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб ним моҳ боз барои таҳсил омодагӣ мегирад. Ҳамсолони Фаришта ба синфи севум мераванд, вале ӯ акнун навиштани рақам ва талаффузи ҳарфҳоро машқ мекунад.
Ин наврас, ки либосу ҷиҳози мактабияшро ба хабарнигори Радиои Озодӣ бо шавқ намоиш медод, гуфт, мехоҳад дар оянда пизишк шавад.
Фарида Шарбатова, модари Фаришта, ки боре ҳам ба мактаб нарафта ва хатту савод надорад, аз омодагии духтараш ба таҳсил хушҳол аст. Ӯ рӯзи 21-уми август ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ки духтарашро дар ҳафтсолагӣ ба мактаб нафиристод, "пушаймон аст, чун ӯ метавонист дар се сол ҳисобу китобро аз худ кунад".
"Худам дар хурдӣ аз падару модар ятим мондам. Дар 14 ё 15-солагӣ ба шавҳар доданд. Ба касби бобоии худамон, яъне талбандагӣ идома додам. Ҳоло талбандагӣ маъмул нест. Фикр мекунам, агар одам мактаб хонад, савод дошта бошад, зиндагияш беҳтар мешавад", -- нақл кард ӯ.
Ин назари як хонавода аз қавми лӯлиён аст. Коршиносон мегӯянд, шикасти қолабе, ки солҳои дароз амал кардааст, яъне табдили халтаи гадоӣ ба ҷузвдон кори саҳлу содда нест.
Вале мақомоти маҳаллӣ дар деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб мегӯянд, тағийр дар ҳаёти лӯлиён мушоҳида мешавад. Барои мисол, ба гуфтаи онҳо, имсол беш аз даҳ наврас аз қавми лӯлӣ ба мактаби деҳаи Чағатай мераванд, ки ба фарқ аз солҳои гузашта бештар будааст.
Ин кӯдакон якҷо бо тоҷикон мехонанд. Писари Фарида Гулова, сокини деҳаи Чағатай ва аз қавми лӯлиён, имсол ба синфи дуюм меравад. Вай аз муносибати хуби ҳамсинфони писараш тавсиф кард.
"Писари ман бо тоҷикҳо мехонад. Баъзан баҳои чаҳору панҷ ҳам мегирад. Дар ҷаласаҳои падару модарон иштирок мекунем. Ягон мушкил надорад", -- гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Тоҷикистон қабули барномаи махсус барои беҳбуд бахшидан ба вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии лӯлиёнро зарур намешуморад ва аз ҳукумат хост, ин мавқеашро бознигарӣ кунад. Кумитаи маҳви табъизи нажодии ин созмон хостааст, Тоҷикистон шароит фароҳам оварад, ки духтарони ҷӯгӣ ба таҳсили муносиб дастрасӣ дошта бошанд ва аз мактаб берун намонанд. Гузашта аз ин имкон фароҳам оварад, ки онҳо дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳои олӣ таҳсил кунанд.
Дар гузашта баъзе аз лӯлиён шикоят карда буданд, ки фарзандони онҳоро дар мактабҳои умумӣ мазоҳу масхара мекунанд ва ба ҳамин хотир намехоҳанд ба онҷо бираванд.
Раҷабмоҳ Ҳабибулло, Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон моҳи июли имсол дар як нишасти хабарӣ гуфт, санҷиши муассисаҳои таълимие, ки лӯлиён дар онҷо таҳсил мекунанд, нишон додааст, "шароити таҳсил фароҳам аст". Ӯ гуфт, аз нимаи дуюми имсол онҳо дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Лахш барномаи бо таҳсил фаро гирифтани кӯдакони ақалиятҳои миллиро шуруъ мекунанд.
Вай гуфт: “танҳо мушкил ин аст, ки онҳо на ҳамеша мехоҳанд аз расму оинҳои худ даст бикашанд. СММ ҳамеша ба мо тавсияҳои худро дар бораи ба таҳсил фаро гирифтан ва ҳам масъалаҳои иҷтимоии лӯлиҳо ироа мекунад. Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки барои таҳсили ин кӯдакон ягон монеа вуҷуд надорад."
Бар асоси омори расмӣ ҳоло дар мактабҳои кишвар 1329 лӯлӣ таҳсил мекунанд.
Ҳазорҳо намояндаи қавми лӯлӣ дар Панҷакенту Ҳисор, Ваҳдат, Восеъ ва Ҷалолиддини Балхӣ ба сар мебаранд. Ба қавли таърихнигорон, лӯлиён панҷ-шаш аср пеш аз Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳиҷрат кардаанд. Дар ҳар давлате, ки онҳо сукунат кардаанд, забони мардуми ҳамон ҷоро пазируфтаанд, вале касби худ, яъне талбандагиро тарк накардаанд.