Мегӯяд, афроде ҳастанд, ки Тоҷикистонро дӯст медоранд ва меоянду хоҳиш мекунанд, ки мӯи сари онҳо бо нақши парчам ё ва нишон миллӣ ороиш дода шавад.
Тасвири ин нақшҳо дар сари инсон чандон кори осон нест, зеро як ҳаракати нодуруст метавонад тамоми заҳмати сартарошро барбод диҳад. Ба гуфтаи Богдан, ин кор вобаста аз наҳваи оро додани мӯй, аз 15-20 дақиқа то якуним соат вақт мегирад.
Ороишгоҳ ё ба истилоҳ "сартарошхона"-и ӯ дар маркази Душанбе воқеъ аст ва ҳар рӯз мӯи аз 10 то 15 нафарро оро медиҳад. Богдан на танҳо сари наврасону ҷавононро ба рамзу парчам табдил медиҳад, балки ҳар чизе, ки хостанд, онро дар сарашон ба қавле "наққошӣ" мекунад.
Ӯ орзуи милиса шуданро дошт. Аммо ин касбро бо роҳнамоии бобояш интихоб кард ва мегӯяд, ки ҳоло аз ин интихоб розӣ аст. "Як ҳафта рафтам, ин касбро нағз дидам. Дар як моҳ ёд гирифтам. Аз 15-16 солагӣ ин касбро ёд гирифта ва аллакай 9 сол шуд кор мекунам. Дар Русия ҳам кор кардам. Ба дигарон ҳам дарс медиҳам",-мегӯяд Богдан.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар баробари ҳаводорони ҳунараш, мухолифони зиёде ҳам дорад. Мегӯяд, вақте намунаи ҳунари худро дар интернет нашр мекунад, таҳдид мешавад, ки ин корро тарк кунад, зеро ҷомеаи Тоҷикистон аз Русия фарқ мекунад ва ин тарзи ороиш ба расму оинҳои мусалмонӣ созгор нест. Богдан мегӯяд, гоҳе ҳақоратҳо низ мешунавад.
Ӯ ҳоло дар миёни мансабдорон ҳам муштариёни зиёде дорад. Зимни кӯтаҳ кардани мӯи сари онҳо, эҳтиёт мекунад. Богдан мехоҳад оянда дар Душанбе чанд маркази дигари ороиши мӯй дошта бошад.