Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои коркарди чунин чароғҳо, ки барои сиҳатии инсон кушанда низ ҳастанд, ба мутахассис эҳтиёҷ доранд. Ба иттилои кумита, дастгоҳҳои гаронарзише барои коркарди чароғҳои сӯхтаи каммасраф аз хориҷ ба Хуҷанду Душанбе оварданд, вале мутахассисе нест, ки аз ӯҳдаи истифодаи онҳо барояд.
Дар корхонаи "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" аз набуди мутахассис барои коркарди ин намуд чароғҳо изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, дар ин самт барои омода намудани кадрҳо, даст ба кор шудаанд. Бахтиёр Сафарзода, муовини директори ин корхона дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон дар хусуси омода намудани кадрҳо барои коркарди симоб, ки дар таркиби лампаҳо мавҷуд аст, мактуби расмӣ ирсол кардаанд.
Ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки феълан мунтазири посухи мактубашон буда, баъди дастрас намудани он, масъаларо рӯшантар шарҳ хоҳанд дод. Як манбаи дигар дар корхонаи "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" гуфт, баъди ҳалли мушкили кадрӣ, қадамҳои минбаъда барои коркарди чароғҳо гузошта мешавад. Ба қавли ҳамсӯҳбатамон, ки нахост номаш гуфта шавад, чароғҳои каммасраф баъди коркард, ба корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумла корхонаи истеҳсоли чароғ интиқол меёбанд.
Ба шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ба Душанбе бо сармояи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҷҳизоти коркарди лампаҳо ворид гардидаанд. Қаблан масъулин мушкили норасоии сармоя ва набуди таҷҳизоти муосирро ҳамчунин далел барои коркард нашудани чароғҳо арзёбӣ мекарданд ва ҳоло нигароние дар бораи хатари чунин чароғҳо садо диҳад, набуди мутахассис ҳамчун як норасоии асосӣ гуфта мешавад.
Огоҳони умур мегӯянд, бо гузашти беш аз 9 сол, агар мақомот дар ин самт таваҷҷӯҳи ҷиддӣ медоданд, чанд сол пеш, коркарди чунин чароғҳо шурӯъ мешуд. Талошҳои мақомот барои безарар кардани чароғҳои каммасраф дар ҳолест, ки истифода аз онҳо 10 сол пеш ва соли 2009 шурӯъ шуд. Мақомот дар он сол мардумро маҷбур карданд, ки барои сарфаи нерӯи барқ аз ин навъи чароғҳо истифода баранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо чанд сокини пойтахт ва навоҳии дигар ки ҳамсӯҳбат шудем, мегӯянд, чароғҳои корношоями каммасрафро одатан ба партовгоҳҳои маъмулӣ мепартоянд ва дар бораи зарари он маълумоте ҳам надоранд. Шаҳло, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ғайр аз партовгоҳ макони дигареро барои партофтани чароғҳои каммасраф намебинад: “Ҷойҳои махсус ташкил кунанду моро огоҳ кунанд, ки зарар дорад , албатта дар ҳамон ҷойҳо мегузорем, лекин касе чизе намегӯяд. Фақат солҳои пеш маҷбур мекарданд, ки аз ҳамин чароғҳо часпонед, ҳоло он қадар аҳамият намедиҳанд, ки чӣ хел чароғ истифода мебарем”. Ба қавли бархе коршиносон, ҳар қадаре, ки таъхир дар коркарди чароғҳо сурат гирад, ҳамон қадар хатару зарари он ба саломатии ҷомеа бештар мешавад.
Ҳакима Аҳмадова, табиби тоҷик мегӯяд, симобе, ки чароғҳои каммасраф доранд, инсонро ба бемориҳои вазнин гирифтор мекунанд: "Имрӯзҳо чунин чароғҳо дар партовгоҳҳо ба назар мерасад, ки металҳои онҳо бухор шуда, ба сиҳатии мардум зарар мерасонад. Ба бемориҳои асаб, дарди сар, бехобӣ, бронхит, нафастангӣ ва ҳатто ба бемории саратон оварда мерасонад." Нигаронӣ аз хатари паҳншавии чароғҳои каммасраф дар ҳолест, ки масъулини "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" мегӯянд, аз соли 2011 то 2019 дар кишвар 474 ҳазору 873 адад лампаҳои каммасрафро ҷамъоварӣ кардаанд. Ба иттилои корхона, дар шаҳру навоҳӣ нуқтаҳои қабули чароғҳои симобдори корношоям фаъолият дошта, мақомоти маҳаллӣ ба ҷамъоварии онҳо машғуланд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, рӯзи 16-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар кишвар як ҳазору 28 нуқтаи ҷамъоварии чароғҳо фаъоланд, вале коркарди он имрӯз як мушкили ҷиддӣ дар Тоҷикистон мебошад: “Воридоти чунин чароғҳо зиёд аст, баъзеи онҳо дар худи партовгоҳҳо партофта мешаванд, анборҳо пур аз ҳамин гуна чароғҳо шудаанд.”
Мутахассисони кумита мегӯянд, партофтани чароғҳои каммасраф дар партовгоҳҳо қатъиян манъ буда, барои ин кор ҷазо пешбинӣ шудааст. Мақсадулло Мардонов, масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист, гуфт дар шаш моҳи гузашта 100 нафарро барои чунин кор ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд. Ба бозорҳои Тоҷикистон лампаҳои каммасраф умдатан аз Чину Русия ворид мешавад. Соли 2009 мақомоти Тоҷикистон бо манъи воридоти чароғҳои маъмулии волфрамӣ мардумро ба истифодаи чароғҳои каммасраф ташвиқ карданд. Соли 2011 ҳукумат қарор дар бораи коркарди чунин чароғҳоро содир кард, вале он кай амалӣ мешавад, дар ниҳодҳои дахлдор посухи дақиқ намедиҳанд.