Ҷанҷоли нобиноёни тоҷик дар остонаи интихоби раиси нав

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Интихоби раиси нави ҷамъият ё иттиҳоди нобиноён дар Тоҷикистон, ки моҳи сентябри имсол сурат хоҳад гирифт, ин қишри ҷомеаро ба ду тақсим кардааст. Гурӯҳе аз нобиноёни норозӣ иддао доранд, ки раҳбарияти ҳозираи ҷамъият раъйи онҳоро ба фоидаи худ "медуздад" ва чанд соли дигар бекору дастнигар мегузорад. Вале масъулони ҷамъияти нобиноён ва тарафдорони онҳо гуфтанд, "ҳеч тақаллуб нахоҳад шуд".