Чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб аз чӣ заҳролуд шуданд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаҳор узви як оила аз деҳаи Пистамазори Кӯлоб рӯзи 7-уми август заҳролуд шуданд. Раҳмоналии 16-сола ҳамон рӯз ва хоҳари 19-солааш баъд аз се рӯз фавтид. Модари 41-солаи хонавода ва фарзанди 15-солаи ӯ Эмомалӣ дар бемористон ҳастанд. Табибон мегӯянд, умедворанд модару писар зинда мемонанд. Мутахассисон мегӯянд, то ҳол сарчашмаи олудагиро мушаххас накардаанд, ки ғизо буд, ё чизи дигар. Бо тавсияи мутахассисон аз шаҳри Душанбе ба ин беморон зардоба ба зидди бемории ботулизм гузаронида шудаст.