Додоҷони Атовулло: Рақси ишкам ва паймони шикаста

Додоҷони Атовулло

Гардиши айём чунин аст, ки мардум танҳо ё ғолибан рӯйи воқеаро мебинанд ва чизҳои зиёде паси парда мемонанд. Он пинҳонмондаҳо ва ногуфтаҳо имкон намедиҳанд, ҳамаи фишангу абзор ва сабабу омилҳои воқеа рӯшан шавад.

Бо гузашти замон розҳои хурду бузург фаромӯш мешаванд ва андар дурахши шиорҳо воқеа тобиши рӯъёӣ мегирад. Он гоҳ таърихнигорон меоянд ва рӯйи воқеаро ба таърих табдил медиҳанд. Навиштаи рӯзноманигор ва сиёсатмадори маъруфи тоҷик Додоҷони Атовулло рӯшание ба он сӯйи як воқеаи муҳими таърихи навтарини Тоҷикистон меафканад ва на танҳо ба дарки он кумак мекунад, балки нахоҳад гузошт, таърих таҳриф шавад.

Рақси ишкам. Паймони шикаста

Додоҷони Атовулло

Намедонам, чаро, аммо ба ин сафар ба Теҳрон поям намекашид. Аслан бояд шодӣ мекардам, ки Созишномаи сулҳ имзо шуд ва бозгашт ба Ватан наздик аст. Муҳоҷирати иҷбории панҷсола хатм меёбад.

Кам касоне медонистанд, ки дар арафаи имзои Созишномаи сулҳ, ҳатто пештар, оппозитсия ба ду бахш тақсим шуда буд. Тими Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва тими Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

Ҷудоӣ замоне ба миён омад, ки дар Истанбул вохӯрии роҳбарони оппозитсия бо ширкати Нурӣ, Ҳимматзода ва Тӯраҷонзода бо сарвазири собиқ Абдумалик Абдуллоҷонов ва командаи ӯ баргузор гашт. Ман он вақт дар Прага, дар як чорабинии Радиои Озодӣ будам, ки аз Истанбул Тӯраҷонзода занг зад:

- Биё, ки ин ҷо бо ошноҳоят мушкил омад.

Вазифаи ман ташкили мулоқот буд, дигар он сӯ ихтиёр дар дасти тарафҳо буд. Бо вуҷуди ин ба Туркия парвоз кардам.

Дар ресторане, ки маросими хайрбод он ҷо мегузашт, як саҳна сахт дар хотирам мондааст. Абдуллоҷонов гаштаю баргашта ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муроҷиат мекард:

- Домулло, қасам хӯред, ки аз гапатон намегардед. Ба Қуръон қасам хӯред.

- Даст додем ку. Боз чӣ? - хиҷолатзада посух медод роҳбари оппозитсия.

- Ба Қуръон қасам хӯред, масъала ҷиддӣ аст. Ҳукумат фаҳмад, ки мо бо шумо вохӯрдем, тамоми корро мекунад, то байни мо эътилоф нашавад.

Ба назарам, хӯрдагиҳои ҳама заҳри баданашон шуд. Лаҳзае касе гапро ба дигар сӯ кашид, ки Каримҷон Аҳмедов, як экономисти хеле доно ва якрӯ, мавзӯъро боз зинда кард:

- Домулло, ну клянитесь. Вам жалко что ли?

Чанд нафари мо ҳам кафолат додем, ки "домулло аз гапашон намегарданд" ва ҳама боз даст ба дастархон бурданд.
Дар саҳнаи ресторан бонуи нимурёне пайдо шуд ва ба рақси ишкам (танец живота) пардохт...

Пешгӯии Абдуллоҷонов дуруст баромад. Баъди чанд рӯзи мулоқоти Истанбул Эмомалӣ Раҳмонов ба Хостдеҳи Афғонистон парвоз кард. Ҳодисаҳои баъдина гувоҳӣ доданд, ки Раҳмон ва Нурӣ шартномаи махфие бастаанд, ки ба ҷуз худашон касе намедонад. Тӯраҷонзода ва ман даъват нашуда будем.

То ҳанӯз Абдуллоҷонов бар он аст, ки варо мухолифон "кидат карданд". Дар омади гап бояд зикр кард, ки дар он айём Абдуллоҷонов барои муаррифии оппозитсия дар Вашингтон, Маскав ва Тошканд зиёд талош варзида буд. Дар ин ҳар се пойтахт ӯ дар сатҳи баландтарин тарафдор дошт.

МИЗИ БЕ ОДАМ

Ҳоло Теҳрон.

Ҷамъомади васеи оппозитсия баъди имзои Созишномаи сулҳ. То тақсими мансабҳо чанд ҳафта мондааст. Ҳама шодон. Бод аз Душанбе бӯи кабоб меорад?!

Яке аз меҳмонсароҳои панҷситора ва ҳама ситораҳои мухолифат: Нурӣ, Тӯраҷонзода, Ҳимматзода, Латифӣ, Ҳабиб Сангинов, Абдунабӣ Сатторзода, Ҷумъабой Ниёзов, Худойбердӣ Холиқназаров, Мирбобо Мирраҳим ва боз чанд нафари дигар, ки ёдам нест. Мирбобо хотираи фавқулвасф дорад ва котиби он маҷлис буд, шояд ӯ ҳамаро ёд дорад.

Ҳоло Теҳрон ва шарҳи мухтасари он маҷлис. Ҳама аз Сайид Абдулоҳи Нурӣ мегуфтанд. Тамаллуқ мисли об мерехт. Ба ҷоми як кас. Ҳама медонистанд, ки калиди "сандуқчаи зулбиё" дар дасти кист? Дар дасти раиси Комиссияи оштии миллӣ. Сӣ фоизи ҳукумат шӯхӣ аст?! Сӣ фоизе, ки ҳукумат ба оппозитсия садақа карда буд.

Тоқатам тоқ шуд ва навбати суханро гирифтам:

- Устод, - сар кардам, ки дар рӯ ба рӯи Сайид Абудуллоҳи Нурӣ менишастам,- агар ришатон набошад, гумон мекардам, ки дар бюрои КМ КПСС нишастаем. Шумо Котиби якуми КМ ва инҳо котибони горкому райком ба шумо ҳисобот медиҳанд. Мардум аз риши дарози шумо не, ҳатто аз риши ман ҳам безоранд. Дурӯғ аст, ки мардум чашм ба роҳи оппозитсия аст. Дурӯғ аст, ки мардум интизори оппозитсия аст.

Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.

Садоямро ларза мегирад:

- Шумо набояд раиси Комиссияи оштии миллӣ шавед. Якум, одаме даркор аст, ки фаъолияти чиновникӣ дошта бошад. Дуюм, аз тарафи ҳукумат Достиев (Абдумаҷид) дар комиссия ҳаст. Мушкиле ояд, назди президент меравад. Оппозитсия ҳам бояд чунин шахс дошта бошад, ки ягон мушкиле пеш ояд, ӯ ҳал кунад.

Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.

Як каме бо дигарон кашмакаш ва боз идома медиҳам:

- Ин ҷо ҳама аз тақсими мақому вазифаҳо мегӯянд. Онҳое, ки ба Комиссияи оштии миллӣ аз ҷониби оппозитсия пешниҳод шудаанд, ба Худо, агар халқ чеҳраҳои онҳоро бинад, дилаш аз дунё ях мегардад.

Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.

Садои Тӯраҷонзода:

- Додо, бас кун.

Дарк мекунам, ки ӯ ин суханонро барои он мегӯяд, гумон накунанд, ки ман ин ҳамаро бо ӯ машварат кардаам.
Танҳо Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Худойбердӣ Холиқназаров ва Тӯраҷонзода ба ман намечаспанду халос.

Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.

Касе мегӯяд:

- Ҳамаро таҳқир накунед.

Боз давом медиҳам:

- Ягон кас аз роҳбарони саршиноси оппозитсия мансаб нагирад. Вазифаҳоро ба дигарон - мутахассисон ва технократҳо бояд дод. Фоидаи якумаш онҳо ҳама бо аҳли авлодашон тарафдорони оппозитсия мешаванд. Дуюм, вақте роҳбарон вазифа гиранд, мардум гумон мекунад, ки ин ҳама муборизаҳо ба хотири курсӣ будааст.

- Ин кас мехоҳанд ба Абдуллоҷонов вазифаҳоро диҳем.

- Боди шляпаи Абдуллоҷонов шуморо чаппа мекунад. Шумо чиҳо мегӯед?

Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.

- Монед гапашро гӯяд- ҳамаро ором мекунад Нурӣ.

Дар ҳайрат меафтам, ки бо киҳо панҷ сол будаам. Инҳо тамоман дигар будаанду...

Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.

- Пешниҳоди ман. Боз бояд як ё ду соли дигар мушкилиро ба гардан гирифт ва давраи гузаришро барои пирӯзӣ дар интихобот истифода бурд.

Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.

- Дар Ғарм одамон мурда истодаанд. Зӯр бошӣ, рав дар Панҷакент митинг кун.

Ин садои як бадбахте буд, ки нав ба оппозитсия пайваста буд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба даҳонаш зад:

- Ин гапҳоро назан. Он чӣ Додо мегӯяд асос дорад. Додоҷон - муҷоҳиди рақами яки мост. Мавзӯи сӯҳбат нав пайдо шуд. Мо бояд аз интихобот бигӯем.

Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.

Ҳар кас бояд худро ба Нурӣ ширин кунад. Мефаҳмам.

- Хулиганӣ накунед.

Пиджакамро, ки овезон буд, гирифтам:

- Интихобот бо ҳаминҳо?!

Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.

Сигор лаззати хосае дошт.

Ҳамаро ба "обед" даъват карданд. Дар мизи ман касе нанишаст...

Дар бахши дуввуми ҷаласа ширкат накардам. Бегоҳ бо Тӯраҷонзода ва Ҳимматзода ба хонаи Ҳоҷӣ Акбар баргаштем. Ҳимматзода чанд бор бо табассум такрор ба такрор мегуфт:

- Девонагиҳоятро бисёр шунида будам, лекин нав дидам...

БОЗГАШТ БА ЯК ХАМГАШТ

Тобистони соли 1992 аз оппозитсия ҷудо шуда будам. Аксарият дар "Чароғи рӯз" ҳам. Чандин мақолаҳои тунду тез дар саҳифаҳои рӯзнома бар зидди ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ки Наҳзат сохта буд, дарҷ гардиданд. "Мактуби кушод ба и.в. президент А.Искандаров бо даъвати ба истеъфо рафтанаш, мусоҳиба дар ду саҳифа бо Сангак Сафаров, ки он замон номашро ба забон овардан ҷиноят ба шумор мерафт, ба қабристон роҳ надодани депутати "коммунист" - Мавлон Олимов, аз дасти армияи Наҳзат ва даҳҳо хабару мақолаҳои дигар аз корномаҳои ҳамкорони ман буданд. Ҳатто рӯзномаи "Ҷумҳурият" дар саҳифаи аввали худ мақолае чоп карда буд, ки "Чароғи рӯз" бо Сангак Сафаров баробар шуд" унвон дошт. Ин мақола як провокатсия ва як огоҳӣ буд: "душманро бишносед!".

Гоҳо ба андеша меравам, ки Наҳзат агар комёб мешуд ва шохи карамелро ба чой андохта хӯрандагонро намешикастанд, моро чӣ интизор буд? Ба як калима: дӯзах! Аз давлатдории ин навдавлатон баъдан хоҳам гуфт.

Ҳоло боз Теҳрон.

Зимистони соли 1993.

Дар яке аз бӯстонсароҳои ҳукуматӣ сарони оппозитсия (ба ҷуз Нурӣ, ӯ дар Афғонистон буд) ҷамъ омада буданд ва тарҳи мубориза ва муқовиматро мекашиданд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Тоҳири Абдуҷаббор, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба ман пешниҳод карданд, ки бояд дар Маскав бошам, зеро дар он ҷо таҳсил кардаам ва дӯстону шиносони зиёд дорам.

Гуфтам: гуноҳи ҳамаатонро рӯ ба рӯ мегӯям, агар ба гардан гиред, баъд...

Тоҳир бо лабханд гӯш андохт. Чеҳраи Тӯраҷонзода гулгун шуд, аммо чизе нагуфт. Ҳолдонҳо медонанд, қаҳри ӯ биёяд, сурх мегардад. Чун хиёнатҳои Наҳзатро баршумурдам Ҳимматзода таркид: "Чароғи рӯз" газити яҳудиҳост!". Бигӯмагӯи зиёде шуд.

Вақте танҳо мондем ва бо Тоҳир сигор мекашидем, ӯ оҳиста ба гӯшам гуфт:
- Бо инҳо ҳаргиз ҳамроҳ нашав!

Аммо ман як қоида дорам, хуб ё бад худам низ ташхис накардаам: дӯстӣ бароям аз ҳама болост. Дар сиёсат ҳам. Ҳатто пешакӣ донам, ки шикаст мехӯрам. Ҳатто марг дар хамгашт чашмдоронам бошад! Чун Тӯраҷонзода дӯстам буд, ман наметавонистам бо ӯ набошам.

ЧИЛЛАИ ЗИМИСТОН ДАР ТОБИСТОН

Дар панҷ соли аввали муҳоҷират ва муқовимат як ҳафта хушбахт будам. Ин ҳамон аввали сентябри соли 1997 буд. Би истилоҳи тоҷикон "чорухҳо рангин карда" барои бозгашт ба Ватан омодагӣ медидем. Бо рейси махсус аз Теҳрон ба Душанбе бояд парвоз мекардем. Рейси муҳимтарини зиндагӣ. Рейси муҳаббат. Мисли он ки ба мулоқоти нахустин ба духтари дӯстдоштаат меравӣ. Беҳтарин либосҳоро омода менамоӣ. Беҳтарин суханҳоро машқ мекунӣ, то барояш бигӯӣ. Лаҳзаҳоро мешуморӣ. Лаҳзаҳое, ки баробари моҳ, сол, аср тӯлонӣ ва тӯфониянд...

Барои модарам ҷойнамози беҳтарин ва тасбеҳи зеботарин мекофтам, ки Тӯраҷонзода занг зад:

- Моро ба вазорати корҳои хориҷа даъват карданд. Ҳукумат шарт мондааст, ки дар самолёте, ки оппозитсияро мебиёрад, бояд Тӯраҷонзода ва Атовуллоев набошанд.

- Кӣ хабар дод?

- Ҳимматзода. (Ӯ пешакӣ рафта буд).

- Нурӣ чӣ мегӯяд?

- Бе шумо намеравем!

- Офарин бар Устод!- хитоб кардам ман.

Рейс мавқуф гузошта шуд.

Аз рӯи стсенарияи ООН то 9-уми сентябр бояд роҳбарони оппозитсия бармегаштанд ва рӯзи 9-ум дар Рӯзи Истиқлол намояндагони ҳукумат ва мухолифат аз минбар ба мардум паёми сулҳу оштиро мерасониданд.

Рӯзи 9-ум касе гуфт, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон зиёфат оростаанд. Ва он ҷо оппозитсионерҳо ҳам ширкат варзидаанд. Вақте Отахон Латифӣ ва Ҳабиб Сангинов ба хонаи Тӯраҷонзода омаданд, ба онҳо дарафтодам: ҳукумат нахост, ки Истиқлолро бо шумо дар Душанбе ҷашн гирад, шумо ба сафорат ба оши худоӣ рафтаед.

- Чӣ ба мо мечаспӣ? Устодат ҳам ҳамон ҷо буд! - бо асабоният гуфт Ҳабиб.

- Кӣ?

- Мулло Абдулло.

- Нее, шӯхӣ мекунед?

Гаштаю баргашта ба телефони ҳамроҳи Нурӣ занг мезадам. Аммо касе посух намедод. Хайрият, ки посух ҳам надод. Дастонам меларзиданд. Мехостам чанд дашноми дастабиринҷӣ кунам ва Теҳронро тарк гӯям. Ба атофиёни Нурӣ занг мезадам, ҳама мегуфтанд, ки дар шаҳр, вале гирифтори ҳали масъалаҳои муҳим аст.

Медонистам, ки "масъалаи муҳим"-и Устод ишқи духтараки сағираи донишомӯзе аз Тоҷикистон - Махфират буд, ки пинҳонӣ Нурӣ бо ӯ дар он рӯзҳо издивоҷ карда буд. Ҳоло аз он ишқ чанд тифле ба камол расидаанд, ки бо модарашон дар Теҳрон ба сар мебаранд.

... Бегоҳ буд ё рӯзи дигар дар хонаи Тӯраҷонзода будем, ки занги телефон шуд ва ман гӯширо гирифтам:

- Ҳастанд Тӯраҷонзода?

- Шумо? - пурсидам ман.

- Ман ҳам аз ҳамон хасу хошокҳо...

Соҳиби овозро шинохтам: Нурӣ. Аҷиб, аллакай касе суханони маро расонидааст...

Баъдан бо Нурӣ танҳо ба танҳо вохӯрдам. Хулосаи ман чунин буд: на ба хотири мо, балки ба хотири он ки пои оппозитсия ба Душанбе нарасида, ҳукумат шартгузорӣ кунад, ин бисёр бад аст. Дигар бе мо рафтан ба ҷудоии ниҳоии оппозитсия мерасонад. Худо шоҳид, Абӯбакри Нурӣ - бародари Устод, ки як инсони шариф аст, хуб медонад, аз ин пеш ва ҳамон рӯзҳо ҳам бисёр мекӯшидам, то байни ду роҳбари калидии оппозитсия тафриқа эҷод нашавад.

Хуллас, Нурӣ ҷиддӣ изҳор дошт, ки ба шарти ҳукумат ба ягон ваҷҳ розӣ нахоҳад шуд.

- Метавонед, расман аз тариқи ягон расона эълон кунед?

- Чаро не?!

Ба Лондон, ба ВВС-и форсӣ занг задам. Мусоҳиба омода шуд. Дар хонаи Тӯраҷонзода ҷамъ омадем. Ба касе нагуфтам, ки чӣ буду чӣ гузашт. Радиоро рӯшан кардем. Маъсумаи Турфа - яке аз беҳтарин журналистони ВВС сӯҳбатро сар кард.

Вақте ин ҷумла аз забони Нурӣ садо дод: "ман ба як тори мӯи Тӯраҷонзода ягон шартро баробар намекунам..." Тӯраҷонзода гӯшии телефонро гирифт ва фаҳмидам, ки ба Нурӣ занг мезанад:

- Устоди гумкардаамро аз нав ёфтам!- гуфт Тӯраҷонзода ва гӯширо гузошт. Дар чашмонаш қатраҳои ашк пайдо гаштанд...

Шод будам, ки ин ду нафар боз бо ҳам омаданд. Ва ин шодӣ баъди чанд рӯз бе мурдашӯ дафн гашт.

... Рейси деринтизори мо, бе мо ба Душанбе парвоз кард. Охирин паёми Нурӣ чунин буд: мо дар Душанбе масъалаи бозгашти шуморо дар наздиктарин фурсат ҳал мекунем...

Беш аз чил рӯз бо Тӯраҷонзода дар Теҳрон истодам. Намехостам ӯро танҳо гузорам. Медидам, ки чӣ сон азияти рӯҳӣ мекашад. Шахсе, ки шоҳсутуни оппозитсия буд. Касе аз ёрони собиқ телефон намекард. Ҳатто ононе, ки ба шарофати Тӯраҷонзода шаҳомат ёфта буданд...

БОЗГАШТУ БАРГАШТ

Моҳи марти соли 1998 мо бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба Ватан баргаштем. Ростӣ, ин хатои ман буд, ки истодагарӣ кардам. Баъди чандин солҳо ӯ гуфт:

- Ду гуноҳатро намебахшам, ки яке вохӯрӣ бо хоҳиши ту бо як сиёсатмадор дар Дубай, дигаре соли 1998 ба Душанбе баргаштан...

- Худам ҳам худамро намебахшам!

Ду ҳафтае, ки дар Душанбе будам, шок гашта будам. Он оппозитсияе, ки ман мешинохтам, дигар набуд. Ё танҳо пӯсташро дигар карда буду ҳоло маскаро аз рӯ кандааст?

На ҳарфи ислом буду на ҳарфи адолат. На ғами мардум буду на гуфторе аз миллат.

Адабиёти он ҳафт рӯз моломоли калимаву ҳадисҳои заминӣ буд: пул, доллар, хонаи нав, мошини нав, арӯси нав, тоҷикони ориёии нав, бозор, магазин, заправка, шакароб, чӯпонкабоб...

ТОВАРИШ РИШ

Пасмондаҳо, вомондаҳо ва боқимондаҳои он оппозитсия ҳоло мехоҳанд реванш бигиранд. Аз риш фоҷиа месозанд. Бардошти нахустинам аз офиси оппозитсия, ки дар меҳмонсарои "Вахш" маскан дошт, ришҳои лайс тарошидаи ришдарозон ва галстукҳои ночаспони ҷелакпӯшони собиқ буд. Ба як ишораи ҳукумат ҳама сӯи сартарошхона метохтанд. Эзорсурхакон дарк намекарданд, ки "ришатро гиру эзоратро каш" ҳаммаъно, ҳамсанг ва ҳамнавоянд...

Аз Идора. Матолибе, ки дар гушаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.