"Ҳар вақт барои муолиҷа меравем, як говро мефӯрушам"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як духтари 26-солаи тоҷик, ки баъд аз муолиҷаи тӯлонӣ дар ниҳоят роҳ рафтанро ёд гирифт, бим дорад, қатъи муолиҷа дигарбора ӯро бемори бистарӣ мекунад. Бахтиннисо Сафарова аз деҳаи Гулободи ноҳияи Восеъ, ки ҳоло андаке мустақил шудааст, тайи ду даҳсола бе дастёр ҳеч кор карда наметавонист. Ҳоло умедвор аст, ки дигарбора ба по мехезад ва мактабу донишгоҳ мехонад ва ба ҷомеа хидмат мекунад. Ҳамкорони мо ба суроғи Бахтиннисо ба ноҳияи Восеъ рафтанд.