Тобути чаҳор муҳоҷири тоҷик ба Душанбе расид
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 8-уми август тобути чаҳор муҳоҷири тоҷик, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Рязани Русия ба ҳалокат расиданд, ба Душанбе оварда шуд. Садамае рӯзи 6-уми август ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он 6 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як духтари 14-сола ҷон бохтанд.