Кай ихроҷи ноодилонаи муҳоҷирон аз Русия хотима меёбад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд додгоҳҳо дар Русия парвандаҳои марбут ба ихроҷи муҳоҷиронро танҳо ба номаш баррасӣ мекунанд ва дар асл додрасҳо бидуни баррасӣ ҳукми ихроҷро содир мекунанд. Соли гузашта ба ҳамин шева ҳудуди 130 ҳазор нафар муҳоҷиронро бидуни баҳсу баррасӣ аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд.