Замоне, ки нерӯҳои араб ба Осиёи Марказӣ барои паҳн кардани дини ислом ворид шуданд, дар Мовароуннаҳр ҳокимияти воҳид вуҷуд надошт ва бештаре аз манотиқ ҳокими худро доштанд. Яке аз чунин ҳокимон Деваштич дар Панҷакенти қадим буд, ки барои муқобила бо аҷнабиён бо ҳокимони Истаравшану Шаҳристон ва Хуҷанду Фарғона созиш кард.
Ҷосусони арабӣ аз ин тавофуқи Деваштич огаҳӣ ёфтанд ва барои маҳви вай ба Панҷакент нерӯи низомӣ мефиристанд. Деваштич барои ҳифзи шаҳр қасри худро тарк карда, дар Қалъаи Муғ паноҳ мебарад. Вақте арабҳо ба ин қалъа низ расидаанд, Деваштич барои ҳифзи ҳаёти сарбозонаш худро таслим мекунад. Арабҳо сарашро мебуранд ва ба халифаи худ ба Бағдод мефиристанд.
Бо гузашти ҳудуди 1300 сол баъд аз ин ҳодиса бостоншиносони тоҷик ҳафриёти маҳалли кохи ин фармондеҳ ва ҳокими Суғдро шурӯъ карданд. Исматулло Раҳматуллоев, раиси Осорхонаи Панҷакенти қадим дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафриёт бо абзорҳои пешрафта нишон додааст, ки Қасри шоҳ Деваштич аз чаҳор табақа иборат аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Исматулло Раҳматуллоев афзуд, ки "дар ошёнаи аввал муҳофизон ва хидматгорон ҷой гирифта буданд. Ошёнаи дувум барои қабули фармондеҳон ва мақомот пешбинӣ шудааст. Табақаи севвум барои қабули сафирони хориҷӣ пешбинӣ шуда буд. Худи шоҳ Деваштич дар табақаи чаҳорум зиндагӣ карда, меҳмононро аз болои тахти худ пазироӣ мекард. Деваштич пайрави дини зардуштӣ буд ва бозёфти нигораҳо бо нишонаҳои аломатҳои ин дин аз мансубияти шоҳ ба дини гузаштагони мо гувоҳӣ медиҳад".
Исматулло Раҳматуллоев афзуд, дар кохи Деваштич манҷаниқ барои партоби сангҳои бузург ба ҳамлагарон ошкор шудааст. Қасри шоҳ Деваштиҷ дар ҳудуди Панҷакенти қадим, дар канори шаҳри ҳамноми феълӣ воқеъ аст. Абдураҳмон Пӯлодов, унвонҷӯ аз шаҳри Байтулмуқаддас, ки мавзӯи бостоншиносӣ дар ин шаҳрро мавзӯи рисолаи худ интихоб кардааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки маъбади муқаддаси зардуштӣ каме дуртар аз кохи шоҳ воқеъ буда, ҳамарӯза Деваштич барои ибодат ба инҷо меомадааст.
Идомаи ҳафриёт бо ҷалби донишмандони хориҷӣ
Вай гуфт: "Аз паҳлӯи Қасри шоҳ сойе мегузашт, ки сокинони Панҷакент то ҳол оби онро менӯшанд. Барои ҳаракати шоҳ аз қаср то маъбади зардуштӣ барояш як пули махсусе низ сохта буданд, ки боқимондаҳои онро бостоншиносон пайдо карданд. Ин ҳам як далели мартабаи шоҳӣ доштани соҳиби ин кох мебошад". Нуриддин Сайфуллоев, раиси бахши бостоншиносии Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои ҳафриёт дар Панҷакент ва Саразм бостоншиносони варзидаи дигар даъват мешаванд.
Ӯ афзуд, қарор аст Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ, ки дар Карони Дарвоз машғули ҳафриёт аст, ба Панҷакент ба таври доимӣ эъзом шавад. Ҳамчунин тибқи қарордод чанд бостоншинос аз Фаронса ва Русия низ меоянд. Чунин тасмим барои он аст, ки то як соли дигар 5500-солагии Саразм ҷашн гирифта мешавад ва бояд доираҳои илмии ҷаҳон аз бозёфтҳои қадимии Тоҷикистон ба хубӣ огаҳӣ ёбанд.
Ислом Шафеиён, раиси шаҳри Панҷакент гуфт, ки дар марҳилаи аввал маблағи ҳафриёт аз буҷаи Тоҷикистон ихтисос дода мешавад. "Аммо минбаъд мо ҳадаф дорем, аз фоидаи ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба маконҳои таърихии Панҷакент барои идомаи ҳафриёт сармоя пайдо кунем"- гуфт ӯ. Дар ду рӯзи сафар ба Панҷакент хабарнигорони Радиои Озодӣ шоҳиди 70 сайёҳи хориҷӣ шуданд, ки барои дидани Саразм ва Панҷакенти қадим омадаанд. Саразм, ки ба феҳрасти осори фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст, аз қадимтарин шаҳрҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад ва ба гуфтаи бостоншиносон, 5 ҳазор сол пеш бунёд шудааст.