Дар ин гузориш доир ба миқёси хатари ДИИШ дар ҷаҳон омадааст, ки ҳалқаи “Хуросон”-ро Сайвалӣ Шафиев, шаҳрванди Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, ки тахаллуси “Муовия”-ро дорад. Дар гузориш омадааст, ҷангҷӯёни ҳалқаи Хуросон дар ДИИШ тақрибан 200 нафар ҳастанд ва Сайвалӣ Шафиев ҳоло дар вилояти Нангарҳор фаъолият мекунад ва узви Шӯрои раҳбарии созмон аст.” Таъйиди ин гуфта аз манобеи амниятӣ дар Афғонистон имконнопазир аст. Дар гузорише, ки ҳайате аз коршиносони Созмони Милал бар асоси маълумоти кишварҳои ҷаҳон омода мекунанд, зикр шудааст, ки Сайвалӣ Шафиев, аз тариқи интернет ба ҷалби аъзои нав ва ҷамъоварии пул барои созмон машғул аст ва барои ин кор “забони тоҷикиро ба кор мебарад.”
Номи Сайвалӣ Шафиев моҳи майи соли 2018 дар як гузориши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон садо додааст. Дар ин моҳ кумита бо нашри як филми мустанаде бо номи “Манқуртҳо” гуфт, 14 нафарро, ки мехостанд, дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд ва ҳамчунин пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро тарконанд, дастгир ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.
Дар он филм фардеро бо номи Шафиев Сайвалӣ Рауфович ном бурданд, ки ба гуфтаи мақомот “Ҷалолободӣ” ва “Муовия” лақаб доштааст ва аз ҷумла дар тамрину ба Тоҷикистон фиристодани ду узви маҳкумшудаи ДИИШ нақши муҳиме иҷро кардааст. Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, Сайфалӣ Шафиев, зодаи ноҳияи Ҳисор аст ва худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубаллиғи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” муаррифӣ мекардааст. Номи ин ҷавон ҳамчунин дар як ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе зикр шудааст ва аз ӯ ба ҳайси мубаллиғони ДИИШ ном бурдаанд, ки дар ҷалби як ҷавон ба сафи ин созмон нақш доштааст.
Муаллифони гузориш ҳамчунин гуфтаанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз хатари терроризм, ки аз Афғонистон бармеояд, нигарон ҳастанд. “Дар шимоли Афғонистон, дар вилояти Бадахшон чанд гурӯҳи ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ, ки шарики Ал-қоида ҳастанд, фаъолият мебаранд. Аз ҷумла гурӯҳи Катиба-ал-Имом-Ал-Бухорӣ, ки 50 узв дорад. 100 нафар аз гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбекистон ва 50 нафар аз гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ. Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ тахминан 350 узв ва Ҷамоати Ансоруллоҳ 30 узв доштаанд.
Муаллифони гузориш ҳамчунин гуфтаанд, тахмин меравад, дар Афғонистон 100 ҷангҷӯи тоҷик ҳузур дошта бошанд ва дар гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ шомиланд, ки зери назари Толибон фаъолият мекунанд. Гузориши мазкурро рӯзи 15-уми июл ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал фиристодаанд ва матни онро чанде пеш нашр карданд. Дар ин санад ҳамчунин омадааст, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ, ки бахусус дар шимоли Афғонистон ва аз ҷумла Бадахшон паноҳ бурдаанд, бо қочоқбарони маводи мухаддир ҳамкорӣ мекунанд ва ҳамчунин саъй доранд, ки ҷангҷӯёнро ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид намоянд. Давлати Тоҷикистон пайваста аз ҳузури гурӯҳҳои тундраву террористӣ дар шимоли Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст ва посбонии марзи тулонӣ бо ин кишварро тақвият додааст.
Муаллифони гузориш гуфтаанд, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2019 дар амалиётҳои махсус 26 узви ДИИШ аз ҷумла теъдоде аз аъзои бозгашта ба кишварҳояшонро дастгир кардаанд. Аз Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ бештар аз 1300 нафар рафтаанд ва бисёре аз онҳо ба гурӯҳҳои ифротиву тундрав пайвастаанд. Бино ба гузориши Созмони Милал, давлати Тоҷикистон соли 2019 84 нафари онҳоро баргардондааст.
Дар гузориши махсус дар бораи хатари ДИИШ дар ҷаҳон ҳамчунин номи Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам зикр шудааст. Дар ин гузориш омадааст, ки ӯ
раҳбари ҷангҷӯёни тоҷик, ки тахминан 600 нафарашон дар Ироқу Сурия боқӣ мондаанд, ба ҳисоб меравад, вале мақоми “вазири ҷанг” дар ДИИШ-ро аз даст додааст ва бино ба гузоришҳо ҳоло дар Идлиб қарор дорад. Аммо ҳафтаи гузашта вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки дар урдӯгоҳҳои Сурияву Ироқ 600 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Ӯ дар бораи теъдоди ҷангҷӯён иттило надод. Хабаргузории “Ховар” аз қавли вазир навиштааст, “дар зиндонҳои Ироқ 43 зан ва як кӯдак, дар урдугоҳҳои Сурия қариб 554 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд. Аз ин шумора дар урдӯгоҳҳои Сурия 86 зан, 228 духтари ноболиғ ва 240 писари ноболиғ қарор доранд.»
Гузоришҳо дар бораи “вазири ҷанг” будани Гулмурод Ҳалимов, ки Амрико ӯро дар сафи хатарноктарин террористони ҷаҳон қарор додааст, зидду нақизанд. Баъзе аз сарчашмаҳо мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ чунин мақоме надоштааст. Ҳукумати Амрико барои ҳаргуна иттилои арзишманде, ки ба боздошт ё маҳви ӯ мусоидат кунад, 3 миллион доллар подош таъйин кардааст.