Қарзу кумакҳои Чин ба Тоҷикистон. "Имконият" ё "иқдоми хатарзо"?

Яке вз мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Чин

Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба беш аз 2,9 миллиард доллари амрикоӣ расидааст. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 2-юми август гуфт, ҳудуди 48 фисади қарзи Тоҷикистон аз Чин аст. Ба ин тартиб, ба ҳисоби миёна, феълан ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз Чин 154 доллар қарздор аст.

Қарзи хориҷии Тоҷикистон айни замон ба 38 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) мерасад ва Вазорати молия барои боз ҳам баланд нашудани андозаи қарзи хориҷӣ тасмим гирифтааст, минбаъд аз созмон ва ё кишварҳои хориҷӣ бештар маблағҳои грантӣ дарёфт кунад. Маблағҳои грантӣ ёрии молиявии бебозгашт ҳастанд.

Аммо Чин бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон дар бахшҳои муҳими иқтисод ҳузури фаъол дорад. Сармоягузориҳояш дар тарҳҳои гуногуни кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Бархе аз таҳлилгарон зиёд будани қарзи Тоҷикистон танҳо аз Чинро хатарзо арзёбӣ мекунанд, "чун кишвар вобастаи як кишвар мешавад". Вале Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, чунин иддаоро рад кард ва гуфт, ба ҷалби маблағҳое, ки бо имтиёз дарёфт мегарданд, ҳавасманданд. "Имрӯз кулли кишварҳо аз имкониятҳои молиявии созмонҳо ва кишварҳои доро истифода мебаранд", -- афзуд ӯ.

Қаҳҳорзода гуфт, рушди иқтисоди кишварро танҳо бо маблағҳои будҷавӣ таъмин кардан ғайриимкон аст. Ӯ ба "сиёсати дарҳои боз" дар Тоҷикистон таъкид намуд ва афзуд, "чунин сиёсат ба ҷалби сармоя низ алоқаманд аст". Вазири молия иброз дошт, ки "Чин, воқеан ҳам, аз сармоягузорони бузурги Тоҷикистон аст".

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик, мегӯяд, ба Чин рост омадани қисми бузурги қарзи берунӣ ва ҳузури ин кишвар дар аксар бахшҳои иқтисод "барои Тоҷикистон хатар дорад". Ӯ мегӯяд, барои пойбанди иқтисоди кишваре ба мисли Чин нашудан, дар дарёфти қарз тавозун бояд риоя шавад.

Вай афзуд: "Аз давлатҳои дигар ҳам гирифтан даркор аст, то ин кишвар ба мо фишор наорад. Дар муносибат бо Чин хеле эҳтиёткор бояд буд, зеро ин кишвар асосан дар бахши истихроҷи маъдан қарзи бештар медиҳад, аммо барои рушди соҳаҳое, ки мардуми маҳаллии моро бо ҷойи кори хуб таъмин мекунад, қарз намедиҳад."

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон, фаъолияти ширкатҳои чиниро дар кишвар барои рушди иқтисоди Тоҷикистон манфиатовар донист.

Ӯ гуфт, "аз ҳузури густардаи Чин дар иқтисоди кишвар набояд ҳаросид, зеро ҳамкорӣ бо ин кишвар ба нафъи ҷомеа ва рушди иқтисодии кишвар аст". Ҳамсӯҳбати мо афзуд, бо шартҳое, ки ин кишвар ба Тоҷикистон қарз медиҳад, ягон давлати дигар қарз намедиҳад. "Фикр мекунам, ҳукумат аз ӯҳдаи баргардонидани қарзҳо мебарояд", -- бовар дорад ӯ, вале нагуфт, ки чӣ гуна ва бо чӣ далел.

Соли гузашта мизони додугирифт миёни Тоҷикистону Чин аз марзи якуним миллиард доллар гузаштааст. Се сол пеш ду кишвар аҳд бастанд, ки мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Чинро то соли 2020 то 3 миллиард доллар афзоиш медиҳанд.

Моҳи июни имсол дар пайи мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Чин дар Душанбе 18 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ, кишоварзӣ, мубориза зидди терроризм ва таъсиси корхонаҳои муштарак ба имзо расид. Ба ҳисоби расмии чиниҳо, беш аз 300 ширкати ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, ин ҳамкориҳо истихроҷи тило ва ангишт, истеҳсоли семент, корхонаҳои кимиёӣ, барқ, нассоҷӣ, кишоварзӣ, интиқоли бор ва дигар бахшҳоро дар бар мегиранд.

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик, бо таваҷҷӯҳ ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин мегӯяд, "Тоҷикистон ба марзи бисёр хатарноке, ки гузаштани он бозгаштро ғайриимкон месозад, наздик мешавад".

"Қарз мушкили асосӣ нест. Мушкили асосӣ реша давондани Чин дар ҳама соҳаҳои иқтисоди кишвар аст. Ҳоло соҳаҳои бисёр муҳими кишвар - истеҳсоли алюминий, истихроҷи тиллову нуқра ва сурма, истеҳсоли семент ва ғайра ба ихтиёри чиниҳо гузаштааст. Мутмаинам, онҳо барномаҳои қавии дарозмуддате барои нерӯгоҳҳои мо доранд. На ба барқи истеҳсолмешуда, балки ба обанборҳои мо", -- шарҳ дод ӯ.

Чин аз соли 2013 ба ин сӯ мақоми шарики стратегиро барои Душанбе ба даст овардааст.

Ҳарчанд мақомот гуфтаанд, тавони баргардондани қарзҳои Чинро доранд ва фаъолиятҳои иқтисодии ин кишвар беғаразу бехатар аст, мунтақидон аз он нигаронӣ мекунанд, ки қарзу сармоягузориҳои бебаркаши Чин дар оянда метавонад барои Тоҷикистон дарди сар эҷод кунад.