Ҳабси як зодаи Тоҷикистон барои иштирок дар тазоҳуроти Маскав

Самариддин Раҷабов

Додгоҳи Русия як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми иштирок дар тазоҳуроти бидуни иҷоза дар Маскав ба ду моҳи ҳабс маҳкум кард. Самариддин Раҷабови 21-сола ба иштирок дар "бетартибиҳои оммавӣ" ва "истифода аз зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат" муттаҳам аст. Худи ӯ ин иттиҳомро рад мекунад.

Мақомоти Русия мегӯянд, Самариддин Раҷабов дар тазоҳуроти рӯзи 27-уми июл дар Маскав ба сӯйи кормандони ҳифзи ҳуқуқ зарфи пластикии обро ҳаво додааст ва яке аз онҳо сахт осеб дидааст.

Расонаҳои Русия аз Самариддин Раҷабов сарояндаи машҳури рэп бо тахаллуси MarDD ном бурда ва навиштанд, ки ӯ дар канори Маскав зиндагӣ мекунад. Раҷабов рӯзи 2-юми август дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ба ҳайси мудири сохтмон кор мекунад, вале додрас Катерина Кириченко мегӯяд, "ӯ расман дар ҷое фаъолият надорад". Кириченко инчунин гуфтааст, Самариддин Раҷабов дар хонае, ки сабтином шудааст, зиндагӣ намекунад.

Чанде аз иштирокдорони мурофиа қарори додрасро барои онки ба гуфтаи онҳо як нафари бегуноҳро паси панҷара бурд, "шармовар" хондаанд. Бархеи дигар аз Самариддин Раҷабов хостаанд, ки "худро ба даст гирад".

Ин зодаи Тоҷикистон дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ӯ дар ягон эътироз иштирок надошт ва танҳо дар рӯзи баргузории гирдиҳамоӣ дар як хараке дар маркази Маскав нишаста буд. Вай ҳама гуна иттиҳоми мақомотро дар бораи иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ва инчунин партоби зарфи пластикӣ ба сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рад кардааст.

Рӯзи 2-юми август додгоҳе дар Маскав Алексей Миняйло, Кирилл Жуков ва Иван Покопаевро низ барои иштирок дар тазоҳуроти бидуни иҷоза дар Маскав то 27-уми сентябр ба ҳабс гирифт.

Ин тазоҳурот бо нишони эътироз зидди мақомоти Кумисюни марказии интихобот баргузор шуда буд, ки номзадҳои мустақил ва мухолифро ба интихоботи маҷлиси пойтахти Русия роҳ надод. Интихоботи Мосгордума ё маҷлиси шаҳри Маскав моҳи сентябри имсол баргузор мешавад ва ҳоло маъракаи пешбарии номзадҳо идома дорад.

Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки номзадҳои мухолифин барои сабтином дар интихобот ба қадри кофӣ имзо ҷамъ оварда натавонистаанд. Ба гуфтаи мухолифон, ин як баҳонае барои роҳ надодани номзадҳои онҳо ба маҷлиси шаҳрӣ аст. Пеш аз оғози раҳпаймоӣ мақомоти пулиси Маскав 10 нафар аз ҷумла номзадҳо ба вакилӣ Иван Жданов, Иля Яшин ва Дмитрий Гудковро дастгир карда буданд.

Созмони мустақили "ОВД-инфо" мегӯяд, мақомоти амниятии Русия 1373 нафарро бо гумони иштирок дар эътирозҳо боздошт кардаанд. Парвандаи онҳо бар асоси моддаи "бетартибӣ" ва "бетартибии оммавӣ"-и Кодекси ҷиноии Русия баррасӣ мешавад.

Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқ истифодаи нерӯ ба зидди тазоҳургаронро "яксара" ва "беш аз ҳад" номида, танқид карданд.