Блогерҳои тоҷик, ки барои нашри навори сербинанда дар бораи занҳои танфурӯш, муттаҳам мешаванд, мегӯянд, фақат хостанд воқеиятро бигӯянд ва ҷинояте содир накардаанд. ВКД ин наворро "ғайриахлоқӣ" хонд ва 4 ҷавонеро, ки дар сабту нашри он ширкат кардаанд, ба паҳн намудани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ муттаҳам кард.