Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 30-юми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, нисбати Шаҳбоз Раҷабзода "ягон арзу шикоят ворид нашудааст". Биноан, ба гуфтаи директори Оҷонсӣ, нисбати Шаҳбоз Раҷабзода ягон тафтиш оғоз наёфтааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъалаи Шаҳбоз Раҷабзода баҳси гармеро миёни хабарнигорон ва намояндагони ниҳоди мубориза бо фасод ба вуҷуд овард. Хабарнигорон аз ҷумла пурсиданд, ки чӣ гуна як мансабдор дар як солу ҳашт моҳ соҳиби се хона мешавад ва оё ин фасодкорӣ нест? Аммо директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз посух додан ба ин суол худдорӣ кард.
Рӯзи 10-уми майи соли равон дар мулоқот бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андоз, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Шаҳбоз Раҷабзода, корманди баландпояи гумрукро таҳти истинтоқи шадид қарор дод.
Дар пурсуҷӯйи шадидлаҳни президент аз Шаҳбоз Раҷабзода, маълум шуд, ки ӯ давоми ҳамагӣ 1 солу 8 моҳ дар мақоми раҳбари яке аз нуқтаҳои гумрукии муҳими пойтахт кор карда, феълан соҳиби се хона ва як мошин аст. Дар ин муддати кӯтоҳ ӯ аз як лейтенанти оддӣ то рутбаи подполковникӣ расида, ба гуфтаи президент 16 дафъа ба хориҷи кишвар сафар кардааст.
Бо вуҷуди иттиҳомоти зиёд, раиси ҷумҳур аз Шаҳбоз Раҷабзода хост, ариза нависад ва корро тарк кунад. Вай ҳамчунин дастур дод, ки Раҷабзода зиёни расонидаи худро ҷуброн намояд.
Мунтақидон мегӯянд, бо ин амалҳо раисиҷумҳур нақши муфаттишон ва додгоҳро бар душ гирифт. Ба қавли онҳо сарнавишт ва ҷазои Шаҳбоз Раҷабзодаро мебоист додгоҳ ҳал мекард.
Саҳнаи муҳокимаи Шаҳбоз Раҷабзода, раиси Терминали рақами 1-и Душанбе, ки гузаргоҳи муҳими гумрукӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро коршиносон ба муҳокимаи додгоҳие монанд карданд, ки дар он нақши додситону додрас ва вакили дифоъро як нафар иҷро мекард.
Дар ин "муҳокима" президент як мақоми Хадамоти гумрукро ба зиёд будани гуноҳаш аз "муйи сар" муттаҳам кард, арзандаи "15 соли зиндон" хонд, вале бо дарназардошти "ҷавон буданаш" ҳамон замон "афв кард". Ин қазия, аз назари таҳлилгарон, саволҳои мисли "чаро таҳқиқи ҷурмҳояш ба роҳ монда нашуд?” ва "чаро ҳамон замон афв шуд?"-ро дар миён гузошт.
Моҳи октябри соли 2017 дар чунин як ҷаласае Эмомалӣ Раҳмон, аз Раҷабалӣ Одинаев, раҳбари ширкати нафтрасони "Умед-88" барои барнагардонидани қарзи 170 миллион сомонӣ интиқод карда буд. Ба дунбол, бо вуҷуди ин, ки Раҷабалӣ Одинаев гуфт, қарзро бармегардонад, боздошт ва ба мӯҳлати 24 сол зиндонӣ шуд.