Масъулини Эътилоф гуфтанд, ин вохӯрӣ дар пасманзари хабарҳо оиди захмдор шудани Зайд Саидов дар пайи ошӯби зиндони Ваҳдат, сурат гирифтааст.
Дафтари матбуотии Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ва беҷазоӣ рӯзи 29-уми июл бо нашри як гузориш гуфт, вохӯрӣ бо Зайд Саидов рӯзи 26-уми июн дар зиндони маъруф ба "Кирпичний" сурат гирифтааст. Ин вохӯрӣ дар утоқи мулоқотҳои дарозмуддат бидуни дурбини назоратӣ ва ширкати нозирони маҳбас, доир шудааст.
Зайд Саидов бино ба гузориши Эътилофи зидди шиканҷа дар шаш моҳи соли равон ягона маҳбусе мебошад, ки ҳомиёни ҳуқуқ бо ӯ вохӯрии муфассал доштаанд. Масъулини Эътилоф гуфтанд, ягон доғ ваё осори шиканҷа дар ӯ дида намешуд.
Пештар аз ин, Ҳусниддин Нидоев, як масъули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда буд, ки аз зиндони "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдат боздид кардаанд. Вале ҷаноби Нидоев дар бораи вохӯрӣ бо Зайд Саидов чизе нагуфта буд.
Дар ҳамин ҳол Фарҳод Бобоев, узви Эътилофи зидди шиканҷа, ки бо Зайд Саидов дидор кардааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Саидов ба ҳомиёни ҳуқуқ гуфтааст, бо саломатиаш мушкили ҷиддӣ надорад, танҳо аз бемории меъда ранҷ мебарад ва ба ин хотир аз парҳез кор мегирад. Ба гуфтаи Бобоев, хабарҳо дар бораи захмдор шудани Зайд Саидов ҳангоми ошӯби зиндони Ваҳдат тасдиқ нашуд.
"Зайд Саидов гуфт, ки вақте ошӯб оғоз шуд, вай хостааст, ки ба рахти хоб равад. Замоне, ки ба тарафи утоқи хоб меравад, ба назди ӯ як маҳбус омада, ӯро аз онҷо мебарад. Дар ин ҳолат вай афтида, ҷароҳати сабук бардоштаст ва кӯмаки тиббӣ низ дарёфт кардааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки охирин маротиба то сар задани ошӯб бо наздиконаш мулоқот кардааст, вале дар ҷараёни таҳқиқи ошӯб мулоқотҳо манъ шуданд",-омадааст дар хабари Эътилофи зидди шиканҷа.
Ҳомиёни ҳуқуқи Эътилоф аз қавли Зайд Саидов мегӯянд, ӯ аз шароити буду бошаш дар маҳбас, аз ҷумла фишорҳо, шикоят накардааст. Саидов ба ҳомиёни ҳуқуқ гуфтааст, бо омадани роҳбарияти нави зиндонҳо, ҳолатҳои ришваву тамаъҷӯӣ коҳиш ёфтаанд.
Тасдиқи ин иддао ва он чӣ, ки дар мулоқот бо Зайд Саидов гузаштааст, аз тариқи манобеи мустақил имкон надорад.
Дар пасманзари ошӯб дар зиндони Ваҳдат, ки моҳи майи соли ҷорӣ рух дод, хабарҳое нашр шуд, ки Зайд Саидов дар ҷараёни ошӯб захмдор шудааст.
Зайд Саидов соли 2013, баъди таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", ки тарафдори ислоҳот дар кишвар буд, дастгир ва дар доираи чанд парванда ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо ӯ ва тарафдоронаш ҳукми зиндонро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Тобистони соли гузашта Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар хулосаи 12-саҳифаӣ гуфт, ки дар қазияи Зайд Саид чандин муқаррароти Паймони байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ нақз шудааст. Ин ниҳод талаб карда буд, ки мақомоти Тоҷикистон бояд ин иштибоҳҳоро ислоҳ кунанд.
Дар хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башар аз мақомоти тоҷик тақозо шуда буд, ки Зайд Саидовро озод кунанд ва дар ҳолати зарурат, мурофиаи ӯро ба тарзи одилона баргузор намоянд. Аммо Додситонии кулл ахиран гуфт, ки Зайд Саидов то адои ҳукми додгоҳ озод нахоҳад шуд.