Дар ин бора Бахтиёр Сафарзода, муовини директори корхонаи "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" рӯзи 29-уми июл ба Радиои Озодӣ хабар дод ва афзуд, ки ширкати чинии "PINGGAO GROUP CO.LTD" барои иҷозаи ташкили корхона ба ҳукумат дархост ирсол намуда, мунтазири посух аст.
Дар робита ба таъсиси ин корхона, Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ба корхонаи "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дастур додааст, ки масъаларо мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Бахтиёр Сафарзода дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дархости ширкати чиниро аз сӯи раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ба тозагӣ дастрас намуданд ва ҳоло ин масъаларо дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳо ба миён мегузоранд: "Бо дигар вазоратҳо масъаларо мавриди омӯзиш қарор дода, сипас хулосаи худро ба дастгоҳи иҷроия ирсол мекунем, баъдан масъалаи бастани созишномаву дигар корҳои лозима анҷом меёбанд".
Ба қавли Сафарзода, дар сурати ташкили корхона, ширкати чинӣ дар қадами аввал тамоми мутахассисонро аз ҳисоби шаҳрвандони Чин ба кор мегирад ва баъдан марҳила ба марҳила тоҷикон низ ба кор ҷалб хоҳанд шуд: "Яъне, ба шаҳрвандони кишвар нозукиҳои корро меомӯзонанд ва баъдан ба кор мегиранд. Ин корхона дар назар аст аз партов металҳои гуногун, газ, пласмас, ҳар гуна турбаҳо, барои зироатҳо пору ва дигар маҳсулоте, ки барои рушди саноату иқтисод заруранд, тайёр намояд".
Ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки сохтмони ин корхона дар атрофи Душанбе дар назар аст ва масъалаи бехатарии муҳити зист ҳатман ба назар гирифта мешавад. Бахтиёр Сафарзода мегӯяд, то ба ҳол корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ вуҷуд надорад ва чиниҳо нахустин шуда мехоҳанд чунин корхонае таъсис диҳанд.
Оқои Сафарзода фаъолияти корхонаи коркарди партовҳоро барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ҷузъиёти бештари кори "PINGGAO GROUP CO.LTD"-и чинӣ ва ташкили корхоне, ки ин ширкат дархост намудааст, гуфта наметавонад, зеро ин масъала ҳоло дар баррасии онҳо қарор дорад. "Баъди анҷоми баррасиҳо маълумоти бештар дода хоҳад шуд",-афзуд вай.
Гуфтугӯҳо дар бораи таъсиси корхонаи бузурги коркарди партовҳо аз сӯи як ширкати чинӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки нигарониҳо аз нақзи оддитарин меъёрҳои экологӣ аз тарафи бархе корхонаҳои Чин дар кишвар борҳо садо додааст.
Коршиносон мегӯянд, роҳандозии истеҳсолот ва таъмини мардум бо ҷойи кор бидуни нақзи меъёрҳои экологӣ бояд сурат гирад. Бархе экологҳои тоҷик бар ин назаранд, ки қабл аз таъсиси корхонаи коркарди партовҳо, ки фаъолияташ метавонад ба саломатии атрофиён зарар расонад, мақомот бояд оддитарин меъёрҳои экологиро ба назар гирад.
Дар корхонаи "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" гуфтанд, ширкати чинӣ, агар иҷозаи корро пайдо кунад, ҳини коркарди партовгоҳҳо дастгоҳҳову тахнологияи муосири ба талабот ҷавобгӯйро истифода хоҳад бурд.
Ба иттилои ин корхона, дар сурати дарёфти иҷозатнома, ширкати чинӣ ба эҳтимоли зиёд корхонаро дар назди партовгоҳи канори Душанбе, ки бузургтарин партовгоҳ дар Тоҷикистон асту ҳамарӯза партовҳои пойтахт ба он ҷо интиқол меёбад, таъсис диҳад.
Абдусалим Ҷӯраев, сардори раёсати маниторинг ва сиёсати экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, ташкили корхонаи коркарди партовҳо дар назди партовгоҳи канори пойтахт, ки дар 9километрии Душанбе ҷойгир аст, қуллай мебошад, вале масъалаи манзилҳои зисти наздик ба ин партогоҳ бояд ба назар гирифта шавад.
"Дар замони Шӯравӣ ҳамин макони ҷойгиркунии партовҳо аз маҳалли зисти сокинон қариб се километр дуртар буд, лекин ҳоло шаҳрвандон қариб наздик ба 150 метр ба ин партовгоҳ манзил сохтаанд, дар ҳолати сохтмони корхона аҳолиро метавонанд муҳоҷир кунанд аз ин макон, чун тибқи меъёрҳои экологӣ, аҳолӣ бояд аз чунин корхонаҳо аз се километр то беш аз 500 метр дуртар бошанд",-афзуд оқои Ҷӯраев.
Ба партовгоҳи канори шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз садҳо тонна партов ворид карда мешавад. Сокинони атроф аз инҷо зарфҳои пластикиро ҷамъ оварда, ба чанд корхонаи хурди коркарди пластикӣ мефурӯшанд.
Тақрибан 10 сол аст, ки дар Тоҷикистон дар бораи коркарди саноатии партовҳо суҳбатҳо мешавад, вале акнун мақомот барои расидан ба ин ҳадаф камар бастаанду сармоягузор меҷӯянд ва мегӯянд, омодаанд, ба онҳо имтиёз бидиҳанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, фаъолияти корхонаи бузурги коркарди партовгоҳ барои рушди иқтисодӣ кишвар иқдоми хуб аст, вале дар баробари манофеи иқтисодӣ, бояд саломатии сокинон ба инобат гирифта шавад.