Посухи мақомоти Тоҷикистон ба шикоятҳо дар бораи қимати билетҳои ҳавопаймо

Empty ticket office in Dushanbe

Мақомоти расмӣ мегӯянд, сабаби аслии гаронии нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон баланд будани нархи сӯзишворӣ мебошад.

Икром Субҳонзода, мудири Оҷонсии авиатсияи гражданӣ рӯзи 26-уми июл тасдиқ кард, ки дар воқеъ нархи билетҳо дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсоя дар Тоҷикистон гарон аст. Ӯ дар посух ба суол дар бораи гаронии нарх гуфт аз 40 то 45 дарсади арзиши чипта барои сӯзишворӣ сарф мешавад ва вақте сӯзишворӣ гарон аст, нархи билет низ гарон мешавад.

"Арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳо гарон аст ва омили гарон будани нарх ин воридотӣ будани сӯзишворӣ мебошад. Новобаста аз ин, бо ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ оид ба танзими нарх ва гарон накардани чиптаҳо дастурҳои мушаххас доданд, ки сунъӣ нархи чиптаро баланд накунанд" - гуфт Субҳонзода.

Гаронии нархи билетҳо рӯзи 26-уми июл баҳси гармеро миёни рӯзноманигорон ва масъулини Оҷонсии авиатсияи гражданӣ ба миён овард. Аз ҷумла рӯзноманигорон аз директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ пурсиданд, ки чаро нархи билетҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса ба Қирғизистон чаҳор маротиба гарон аст.

Икром Субҳонзода боз ҳам гаронии нархи сӯзишвориро далел овард. Бо ин ҳама, Икром Субҳонзода афзуд, барои пойин бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ талош доранд ва имсол нархро аз 10 то 12 дарсад коҳиш додаанд. Аммо касе аз хабарнигорон напурсид, ки чаро қимати сӯзишворӣ баланд аст ва кадом ширкате ин сӯзишвориро аз куҷо ва чаро бо қимати баланд ворид мекунад.

Кӣ маводи сӯхт ворид мекунад?

Ягона ширкати воридкунандаи маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо ҷамъияти саҳҳомии “Топливо-заправочная компания” аст, ки соли 2009 бо қарори ҳукумат аз баданаи фурудгоҳи Душанбе ҷудо шуд. Ҳоло онро ба навиштаи вебсайти хабарӣ ва таҳлилии “Евразиянет” яке аз хешовандони раиси ҷумҳури Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Воридоти маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо дар гузашта дарди сар ҳам офарида, сабаби таъхир дар парвозҳо ва фуруд омадани ҳавопаймоҳо дар кишварҳои ҳамсоя шудааст.

Гаронии нархи билет дар солҳои ахир сокинони Тоҷикистонро водор кардааст, ки аз тариқи Қирғизистон ва Узбекистон худро ба дигар кишвар расонанд. Гурӯҳи дигар бахусус муҳоҷирон сафар ба автобусро бартарӣ медиҳанд. Азиз Бобоҷонов, фурӯшандаи билет дар Душанбе мегӯяд, ҳамарӯза сафи муштариён сафар бо автобус ба Русия бештар мешавад.

Арзиши як билети ҳавопаймо феълан аз Душанбе ба шаҳрҳои Русия то дувуним ҳазор сомонӣ ва арзиши сафар бо автобус ҳудуди 900 сомонӣ аст. Ҳарчанд ба гуфтаи аҳолӣ сафар бо автобус 3-4 рӯз ва пурмашаққат аст, аммо аз сабаби гарон будани парвоз бо ҳавопаймо ночор ба азоби роҳ тоқат мекунанд.

“Мардум азоб ҳам кашанд, талош мекунанд, бо автобус раванд. Омада мепурсанд, ки кадомаш арзонтар аст. Барои мардум аввал нарх муҳим аст, баъд шароити сафар”- мегӯяд Азиз Бобоҷонов.

Шикоятҳо аз гаронии нархи чипта борҳо садо додааст. Бахусус дар фасли баҳор ва тирамоҳ дар мавсими рафту баргашти муҳоҷирони корӣ ҳамеша билетҳо гарон мешаванд. Аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия ва Истанбули Туркия ҳавопаймоҳо бештар парвоз мекунанд. Феълан нархи билетҳо аз Душанбе ба Маскав то дувуним ҳазор сомонӣ ва ба Истамбул беш аз 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳоле, ки аз шаҳрҳои Узбекистон ва Қирғизистон бо ними ин нарх метавон билет харид.

Роҳи ҳал куҷост?

Коршиносон мегӯянд, ду роҳи аслии арзон кардани нархи чиптаи ҳавопаймо дар Тоҷикистон ин боз кардани фазои кишвар барои ширкатҳои бузург ва назорат аз болои “чашмгуруснагии ширкатҳо” аст. Алишер Холиқов, ки таҷрибаи кор дар бахши авиатсияро дорад мегӯяд, гарон будани нархи сӯзишворӣ албатта метавонад, нархи билетро гарон кунад. Аммо ба гуфтаи Холиқов сабаби чанд баробар гарон будани нарх нисбат ба ҳамсоякишварҳо дар “чашмгуруснагии” ширкатҳои ҳавопаймоӣ аст.

“Соҳаи авиатсия дар тамоми дунё фоидаи хеле калон надорад ва якбора маблағи калон ба даст намеояд. Аммо ширкатҳои мо ба ҳамон фоидае, ки дигарон мегиранд қаноат намекунанд ва нархро чанд баробар гарон мекунанд то фоидаи бештар ба даст оранд. Чигуна мешавад, ки нархи чипта аз Бишкек ба Маскав 138 доллар асту аз Душанбе 280 доллар? Дар ҳоле, ки масофа тақрибан якхел аст,”- гуфт коршиноси тоҷик.

Таҳлилгарон инчунин мегӯянд, Тоҷикистонро зарур аст, ки сиёсати “фазои боз”-ро дар арсаи ҳавопаймоии шаҳрвандӣ пеш бигирад, ки иҷозаи вуруди ҳама ширкатҳои бузурги ҳавопаймоиро ба бозори кишвар дар назар дорад. Чун ба гуфтаи коршиносон, агар Тоҷикистон "сиёсати фазои боз"-ро пеш бигирад, бо вуруди ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ рақобат ба вуҷуд меояд, ки боиси поин рафтани нархи чиптаҳо мешавад.